Jump to content

Бобунаи бӯё

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бобунаи бӯё
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Matricaria discoidea DC., 1838

Бобуна, бобунаҷ, бобунаи бӯё (лот. Matricária discoídea) — гиёҳест яксола.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз 15 то 35 см қад мекашад. Пояи рости сершох, барги пармонанд, хӯшагули сипаршакл, гули сабзи зардтоб дорад. Давраи гулшукуфташ – май – июн. Дар канори роҳу ҷӯйборҳо мерӯяд.

Хосиятҳои шифоӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бобуна рустании маъмули доруист. Бино бар ақидаи Абуалии Сино, бобуна мағзи сарро тақвият мебахшад, барои сардарди бетаб муфид аст, зардпарвинро рафъ менамояд, пешобу сангро меронад. Ҳангоми дардҳои бетабу табнок зери нофро бо бобуна тарбандӣ мекунанд. Ҳангоми таби такрорёбанда равғани бобунаро ба бадан мемоланд, барои муолиҷаи таби куҳна истеъмол мекунанд. Дар «ал-Воқия»-и Абуалии Сино омадаст, ки равғани бобуна хастагии ҷисмонию фикриро рафъ месозад, бемориҳои гӯшу шукуфаро даво мебахшад. Бино ба маълумоти Муҳаммад Ҳусайн, ҳангоми диққи нафас, зардпарвин, дарди сандуқи сина, ҷигар, қисми поёнии рӯда, бачадон нофеъ аст. бобуна-ро барои табобати бемориҳои мағзи сар, афтондани санги масона, қабзияти пешоб истифода мебаранд. Табибони халқӣ чойи гули бобуна-ро барои муолиҷаи бемориҳои аъзои ҳозима, гурда, талха, асаб ва чун воситаи зидди рагкашӣ, таскинбахш, зидди илтиҳоб, арақовар, пешоброн ва исҳоловар тавсия медиҳанд.

Исбот карда шудааст, ки нақуи бобуна хосияти хунбандӣ, зиддиуфунатӣ, арақовар, зардаронӣ дорад; нафаскаширо метезонад, фаъолияти дилро тезу рагҳои мағзи сарро васеъ мекунад, иштиҳоро мекушояд, барои захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта муфид аст. Ҷӯшидаи гули бобуна-ро дар алоҳидагӣ ва дар омехтагӣ бо гиёҳҳои дигар чун воситаи зидди ташаннуҷ, таскинбахш, арақовар, бодрон, ҳамчунин барои тарбандӣ, ғарғара кардани гулӯ ба кор мебаранд.

Нақеи обӣ ва спиртии бобуна бо мақсади танзими ҳайз истифода мегардад. Бо ҷӯшидаи он бемориҳои пӯст ва ҷойҳои буридаю харошхӯрдаи танро даво мебахшанд. Барои таҳияи ҷӯшида 15 г баргу пояи бобуна-ро дар 200 мл об 5 дақ. меҷӯшонанд ва баъди 30 дақ. полуда мегиранд. Бо мақсади тайёр кардани нақеъ 20 г алафи бобуна дар 250 мл оби ҷӯш 5 соат тар карда мешавад. Барои тайёр кардани нақеи спиртӣ 20 г алафи бобуна-ро дар 150 мл спирт 5 шабонарӯз тар мекунанд.

  • Ковалёва Н. Г. Лечение растениями. М., 1972;
  • Турова А. Д. Лекарственные растения СССР и их применение. М., 1974;
  • Гаммерман А. Ф., Гром И. И. Дикорастущие лекарственные растения СССР. М., 1976;
  • Ходжиматов М. Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана. Д., 1989.