Jump to content

Бов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бов
Даргузашт 680
Падар Шопур

Бов (дарг. 680) — писари Шопур ва набераи Ковус, фармонравои Табаристон ва асосгузори дудмони Бовандиён.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бов дар даргоҳи Хусрави Парвиз (591—628) хидмат мекард. Борҳо ҳамроҳи ӯ дар ҷангҳо ҳамроҳ буда, мавриди таваҷҷуҳи ӯ қарор гирифтааст. Охир бо хости шоҳ ҳокими Табаристону Озарбойҷон гардид. Вақте ки Ширӯя ба тахт нишаст, Бовро аз он ҷо ба Истахр дур намуд. Бов дар оташкадаи он ҷо хилватнишиниро ихтиёр намуд. Баъдтар маликаи сосонӣ Озармидухт Бовро ба сипаҳсолорӣ даъват кард, лекин Бов напазируфта, бо даъвати Яздгурд назди ӯ рафт. Пас аз шикасти сипоҳи Эрон аз ҷониби аъроб Бов дар роҳи Хуросон аз Яздгурд иҷозат гирифт, ки ба Табаристон равад ва пас аз зиёрати оташкадаи Кӯсон дар Гургон ба Яздгурд бипайвандад. Бов дар Табаристон хабари қатли Яздгурдро шунида, сарашро тарошид ва дар оташкада ҷой гирифт. Шояд ҳамин рафтори Бов сабаб шуда бошад, ки баъзе аз муаллифон Оли Бовандро аз ҷумлаи мӯбадон донистаанд. Баъд аз чанде Бов бо дархости мардум, ки аз ҳамлаҳои туркон ба танг омада буданд, аз оташкада берун омада, бо сипоҳе ҳамлагаронро саркӯб намуд ва давлати маҳаллие таъсис дод. Бов пас аз 15 соли ҳукумат аз тарафи Валош ном шахсе, ки даъвогари ҳукумат буд, кушта шуд. Пас аз он худи Валош ба сари қудрат нишаст. Дар замони ҳукмфармоии Сомониён ҳокимони Оли Бованд, бо вуҷуди саркашию шӯришҳо, дар итоати умарои сомонӣ буда, дар Табаристон ҳукм меронданд.

  • Донишномаи Сомониён. Ҷ. 1. Х., 2008;
  • دهخدا. لغتنامه. ج ۱۰. تهران، ۱۳۴۳؛
  • دائرة المعارف بزرگ اسلامی. ج ۱. تهران، ۱۳۷۴ هـ. ش