Боголюбов, Михаил Николаевич

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Боголюбов, Михаил Николаевич
Bogolyubov-22.jpg
Санаи таваллуд:

24 январ 1918(1918-01-24)

Зодгоҳ:
Санаи марг:

25 ноябр 2010(2010-11-25) (92 сол)

Маҳалли марг:
Мамлакат:
Фазои илмӣ:

забоншиносӣ ва эроншиносӣ

Ҷойҳои кор:
Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои филология[d]

Алма-матер:
Ҷоизаҳо:
Order of Honour ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Order of Friendship of Peoples Order of the Rising Sun
Commons-logo.svg Боголюбов, Михаил Николаевич дар Викианбор

Михаи́л Никола́евич Боголю́бов (24 январи 1918, Киев — 25 ноябри 2010, Санкт-Петербург) — забоншинос, эроншиноси рус. Узви пайвастаи АИ ИҶШС (1990) ва баъдан АИ Русия (1992), узви хориҷии АИ Гурҷистон (1990).

Зиндагинома[вироиш]

Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Ленинград (1941). То соли 1944 дар Артиши Шӯравӣ хидмат кард. Омӯзгори кафедраи филологияи эронии Донишгоҳи давлатии Маскав (1944 – 46). Аз соли 1946 то ох. умр дар Донишгоҳи давлатии Ленинград омӯзгор, проф., мудири кафедра, декани факулта буд. Забонҳои форсии бостон, авестоӣ, форсии миёна (паҳлавӣ), тоҷикӣ, суғдӣ, яғнобӣ, грамматикаи таърихии забонҳои эронӣ, адабиёти классикии форс-тоҷикро дарс медод. Михаил Боголюбов сарвари Мактаби пажӯҳишҳои муқоисавӣ-таърихии забонҳои осиёӣ-африқоӣ буд, ки соли 2007 ба феҳристи макотиби пешбари илмӣ-омӯзгории Санкт-Петербург ворид гардид.

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Михаил Боголюбов муаллифи беш аз 200 асари илмӣ, аз қабили «Ҷонишинҳои шахсӣ дар забони хоразмӣ» (1962), «Асноди суғдӣ аз кӯҳи Муғ. Хониш, тарҷума ва тафсир» (1963, ҳамроҳи О. И. Смирнова), «Забони яғнобӣ» (1966), «Оид ба калимасозӣ дар забонҳои эронии бостонӣ» (1978) ва ғ. мебошад. Тамоми бахшҳои таҳқиқоти Михаил Боголюбов бо ҳам робитаи мантиқӣ доранд: ба таҳқиқи хатти суғдӣ, ки бар мабнои расмулхатти оромӣ таҳия гардидааст, машғул шуда, ба таҳқиқи папирусҳо ва навиштаҷоти забони оромӣ рӯй овард; омӯзиши мутуни авестоӣ, истилоҳоти нуҷум, тақвими Эрони Бостон ва ориёӣ ӯро водор намуд, ки ба маводди забонҳои ҳиндӣ, мас., санскрит руҷӯъ намояд. Ҳар як мақолаи Михаил Боголюбов, гарчанде ҳаҷман хурданд, вале фарогири муҳтавои зиёданд. Онҳо на танҳо барои эроншиносӣ, балки барои ҳиндуаврупоишиносӣ низ аҳаммият доранд. Михаил Боголюбов яке аз роҳбарони гурӯҳи муаллифони асари бунёдии панҷҷилдаи «Основы иранского языкознания» («Асосҳои забоншиносии эронӣ») буд.

Ҷоизаҳо[вироиш]

Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат (1975), Дӯстии Халқҳо (1981), «Шараф» (1998), Шамси Ховар (Ҷопон, 2000) сарфароз гардидааст. Соҳиби унвони «Чеҳраи мондагор» (Эрон, 2009) буд.

Осори асосӣ[вироиш]

  1. К этимологии ваханского вспомогательного глагола тэй-: ту-«быть» // Известия АН СССР. Отделение литературы и языка. 1947. Т. 6. Вып. 4.
  2. Именное предложение и связка // Известия АН СССР. Отделение литературы и языка. 1948. Т. 7. Вып. 4.
  3. Частицы в хорезмийском языке // Учен. зап. ЛГУ. Сер. востоковедческих наук. 1961. № 305. Вып. 12.
  4. Личные местоимения в хорезмийском языке // Учен. зап. ЛГУ. Сер. востоковедческих наук. 1962. № 306. Вып. 16.
  5. Предложения с архаичным причастием в говорах таджикского языка // Учен. зап. ЛГУ. Сер. востоковедческих наук. 1962. № 306. Вып. 16.
  6. Местоимения в хорезмийском языке // Краткие сообщения Ин-та народов Азии АН СССР. 1963. № 67.
  7. О некоторых особенностях арабо-хорезмийской письменности // Народы Азии и Африки. № 4. М., 1964.
  8. Согдийские документы с горы Муг. Вып. 3. Хозяйственные документы // Чтение, пер. и коммент. М. Н. Боголюбова и О. И. Смирновой. М., 1963.
  9. Документы с горы Муг. Фотоальбом. Корпус иранских надписей. Ч. 2. Т. 2. М., 1963. 64 табл. (в соавторстве).
  10. Ягнобский язык // Языки народов СССР. Т. 1: Индоевропейские языки. М., 1966.
  11. Арамейская строительная надпись из Асуана // Палестинский сборник. Вып. 15(78). М.; Л., 1966.
  12. Арамейский документ из Авромана // Вестн. Ленингр. ун-та. 1967. № 2.
  13. Арамейские надписи на ритуальных предметах из Персеполя // Известия АН СССР. Сер. литературы и языка. 1973. Т. 32. Вып. 2.
  14. Арамейская версия лидийско-арамейской би-лингвы // Вопросы языкознания. 1974. № 6.
  15. Titre honorifique d’un chef militaire achéménide en Haute-Egypte // Acta Iranica. Vol. 2. Leiden, 1974.
  16. К древнеиранскому словообразованию // Известия АН СССР. Сер. литературы и языка. 1978. Т. 37. Вып. 1.
  17. Праздник «сокрушения Вритры» в Древнем Хорезме // Известия АН СССР. Сер. литературы и языка. 1985. Т. 44. Вып. 3.
  18. Хорезмийские календарные глоссы в «Хронологии» Бируни. I, II // Вопросы языкознания. 1985. № 1, 6.
  19. Вспомогательный носовой сонорный в звуковом составе Авесты // Петербургское востоковедение. Вып. 9. СПб., 1997.
  20. Etymology of Two Words // Name-ye Farhangestan. Vol. 5. N 3 (Ser. 15). Tehran, 2000 (in Persian).
  21. Ригведа I, 105. Трита в колодце // Вопросы языкознания. 2002. № 2.
  22. Авестийское XafvnA в проповеди Заратуштры (Y. 30) и хорезмийское XWNB («отдалять») // Вопросы языкознания. 2003. № 4.
  23. К сакскому спряжению // «Hçdµ m†nasà»: Сб. статей к 70-летию проф. Л. Г. Герценберга. СПб., 2005.
  24. К прочтению зороастрийской молитвы Ашэм-Воху // Вопросы языкознания. 2006. № 4.
  25. Ясна 32: grVhmA, grVhmO. К исторической фонетике Авесты // Сб. статей к 75-летию проф. А. Л. Грюнберга (1930—1995). СПб., 2006.
  26. Jamshid in the Shahnama and Yima in Zaratushtra’s Yasna 32 // Pembroke papers. Vol. 5. Cambridge, 2006.
  27. Заратуштра о Быке и Душе (Ясна 29) // Арийская цивилизация в контексте евроазиатских культур. Душанбе, 2006.
  28. Из исторической грамматики иранских языков // Вопросы языкознания. 2007. № 4.
  29. Афган. mina и перс. mihr «любовь» // Вопросы языкознания. 2008. № 5.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]