Бодия (кулолгарӣ)
Зоҳир
Бодия — дар кулолгарӣ, табақи сафолии деворадори давродавраш баланд.
Бодия бо ҳамин ҷиҳаташ аз табақҳои мусаттаҳ фарқ мекунад. Ҳаҷмаш гуногун. Кулолон бодияро бо нақшҳои ҳандасӣ ва ислимӣ оро медиҳанд. Бодияи ҳаҷмаш миёна чун табақи ошкашӣ (дар маъракаҳо) маъмул аст. Коргоҳи чинибарории шаҳри Турсунзода бодияҳои сафолии мунаққашро бо рангҳои мунаққаши гуногун истеҳсол мекунад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бодия // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.