Бодом (нақш)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Бодом» — навъи нақш дар санъати наққошӣ ва кандакории тоҷик.

«Бодом» яке аз нақшҳои қадимӣ ва маъмул аст. Наққошону кандакорони гузашта, одатан, сару бол, танаю минқори парандаҳо, шохсори дарахтон, баргҳои гуногун, инчунин чашм (бодомчашм) ва диг. ашёро дар шакли «Бодом» тасвир мекарданд. Дар деворнигораҳои маҳфузмондаи ёдгориҳои меъмории шаҳри бостонии Панҷакент, Варахша, Афросиёб, Шаҳристон, Тахти Сангин ва ғайра нақшҳои хаёлии шакли бодомдошта, ки ба нақшҳои тӯпии чустии муосир монанданд, ба назар мерасанд. Дар минётурнигорӣ ва санъати тасвирии Шарқи мусулмонӣ нигоштани расми дарахти бодомшакл, ки зоҳиран ба занҷабил монандӣ дошт, маъмул буд. «Бодом» дар омезиш бо нақшҳои ҳандасии табиат (рустанӣ) ва хаёлӣ такмил ёфта, унвонҳои «Ислимии Бодом», «Бодоми сечашма», «Бодоми четан», «Гиреҳи Бодом» ё «Гиреҳи гули Бодом» ва ғайраро гирифтааст.

Нақшҳои ҳошиявии рустанӣ, ки аксаран аз акси шохчаву баргҳои нозуку зариф иборатанд, «Ислимии Бодом» ном гирифтаанд. Дар нақшҳои ҳандасӣ «Бодом» ба чаҳоркунҷаи аҳромшакл шабоҳат пайдо карда, «Гиреҳи Бодом» ё «Гиреҳи гули Бодом» ном гирифтааст. Агар дохили «Бодом» бо се даврача оро дода шавад, чунин нақшро «Бодоми сечашма» мегӯянд ва агар «Бодом» бо нақши панҷарашакл зинат ёбад, «Бодоми четан» меноманд. Бисёр нақшҳои мутаносиб, ки нусхаи асли ҳамдигаранд, бо номи «Қӯшбодом» ёд мешаванд. Алалхусус нақшҳои ҳандасии «Бодом» дар нигоришоти меъмории асрҳои 16–17 (Масҷиди Хоҷа Зайнуддин, а. 16, Бухоро ва ғайра) фаровон истифода шудааст. Нақши «Бодом» дар тамоми навъҳои санъати наққошӣ ва кандакории тоҷик маъмул аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]