Jump to content

Бозаргонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бозаргонӣ, хариду фурӯш, савдо — тавзеъи ҳар навъи колову ашё ва хадамоти марбут ба ин амалу фаъолият ҷиҳати таъмини ниёзмандиҳои гуногуни шахсию ҷамъиятии башарият.

Азбаски дар алоҳидагию танҳоӣ ҳеч шахс ё ҷомеае наметавонад ниёзмандиҳои худро таъмин кунад, доду гирифти ашёву коло дар сарзамине ё аз кишваре ба кишвари дигар аз замонҳои қадим ривоҷу равнақ дошт. Ҳамин тавр касб ё ҳунари бозаргонӣ ба вуҷуд омад. Бозаргонӣ ва густаришу таҳаввулоти он дар пешрафти тамаддуну фарҳанг ҳиссаи муҳимме доштааст. Дар даврони муосир бозаргонӣ асосан ду навъ аст: бозаргонии дохилӣ ва бозаргонии хориҷӣ. Бозаргонии дохилӣ дар ҳудуди як кишвар бо пули дар гардиши дохилибуда ва муқаррароту қонунгузории он анҷом дода мешавад. Бозаргонии дохилӣ аз бахшҳои давлатию хусусӣ иборат аст. Бозаргонии хориҷӣ хариду фурӯш байни ду ё чанд кишвар аст, ки бозаргонии байналмилалиро ба вуҷуд овард. Ҳар навъи коло, ашё ё маҳсулоти кишоварзие, ки дар дохили кишвар ба савдо намеравад ё изофа аз талабот аст, ба хориҷа бароварда мешавад, ки ин навъи коло, маҳсулот ё ашё дар он ҷо ё камтар истеҳсол мешавад ё умуман вуҷуд надорад. Бозаргонии хориҷӣ ё байналмилалӣ бо арз — пули кишвари хориҷӣ ё асъоре, ки муравваҷ аст, сурат мегирад.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]