Jump to content

Бозгӯй

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бозгӯй — шохаи созию овозӣ дар мақом ва мақомсароӣ, такрори ҳамешагии як порчаи муайяни оҳанг.

Одатан дар оҳанг чанд хона бошад, ҳамон қадар бозгӯй амал мекунад. Маъмулан пас аз як давраи хона, баъзан пас аз ду-се хона як бозгӯй меояд. бозгӯй бештар дар шохаи мушкилоти мақомҳо сурат мегирад. Масалан, дар бахши таснифи қисми мушкилоти мақоми «Бузург» бозгӯй баъди ҳар як хона ва бахшҳои Тарҷеву Гардуни он баъди ду-се хона меоянд. бозгӯй дар ташаккули қисми созӣ ва инкишофи хатти оҳангии мақомҳо нақши муҳим мебозад. Агар хона оҳангро аз лиҳози мазмун ғанӣ гардонад, бозгӯй шакли оҳангро нигоҳ медорад. бозгӯй дар қисми созии мақомҳо ба тарзи гуногун амал мекунад. Масалан, дар мақоми «Наво» дар оҳанги «Мухаммаси Ҳусайнӣ» се бозгӯй ва се хона, аммо дар «Таснифи Наво» ҳафтдаҳ хона ва се бозгӯй иштирок доранд. Бозгӯй дар санъати мақом вазифаи хотимабахшии оҳангро иҷро мекунад.