Jump to content

Боздошт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Боздошт — дар ҳуқуқи ҷиноӣ дастгир кардани шахс — ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ овардан ва ба муҳлати кӯтоҳ дар ҷойҳои махсус бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ нигоҳ доштан (аз озодӣ маҳрум сохтан)-и шахс, дар як вақт ҳаракати тафтишотӣ ва чораи маҷбуркунии ҳуқуқӣ-мурофиавӣ буда, аз ҷониби таҳқиқкунанда ё муфаттиш бо мақсади дақиқ кардани ширкати вай дар ҷиноят, муқаррар намудани ҳолатҳои барои парванда аҳаммиятдошта ва ҳалли масъалаи марбути ӯ татбиқ намудани чораи пешгирӣ ба амал бароварда мешавад.

Шахсро мақомоти пешбурди таъқиби ҷиноятӣ дар доираи ваколатҳои худ дар содир намудани ҷиноят ба шарте гумонбар ҳисобида, боздошт карда метавонад, ки яке аз асосҳои зерин мавҷуд бошад:

  • дар вақти содир кардани ҷиноят ё бевосита баъди содир кардани он боздошт шуда бошад;
  • шоҳидони ҳодиса, аз ҷумла ҷабрдида, бевосита шахси ҷиноятсодирнамударо нишон диҳанд;
  • дар бадан, либос, ашёе, ки ҳамроҳи шахс бошад, дар чизҳои истифодакарда, манзил, ҷойи кор ё воситаи нақлиёти ӯ осори баръалои ҷиноят ошкор карда шуда бошанд, ки аз шарик будани ӯ дар содир намудани ҷиноят дарак диҳанд;
  • агар асосҳои дигари кофии гумонбар шудани шахс дар содир намудани ҷиноят мавҷуд бошанд, ба шарте ки вай кӯшиши аз ҷойи ҳодиса ё аз мақомоти таъқиби ҷиноят пинҳон шуданро карда бошад, ё шахсияташ муайян карда нашуда бошад (Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, моддаи 92).

Бо ин ҳолатҳо боздошти шахс то оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ мумкин аст. Бояд масъалаи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи мақомоти таъқиби ҷиноятӣ дар давоми 12 соат аз лаҳзаи боздошт ҳал карда шавад. Дар сурати дар муҳлати муқарраргардида қабул накардани қарор оид ба оғози парвандаи ҷиноятӣ ва ё рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ шахсе, ки боздошт шудааст, бояд озод карда шавад (КМҶ, моддаи 94). Шахсро бо асосҳои зикршуда аз лаҳзаи боздошт зиёда аз 72 соат нигоҳ доштан мумкин нест. Баъди гузаштани ин муҳлат шахсе, ки боздошт шудааст, бояд аз ҳабс озод карда шавад ё дар ҳаққи ӯ чораи дигари пешгирии дар қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ пешбинишуда татбиқ карда шавад (КМҶ, моддаи 95).

Пас аз овардани дастгиршуда ба мақомоти таъқиби ҷиноят шахси мансабдор дар давоми се соат протокол тартиб дода, дар он асос, ҷой ва вақти дастгиркунии воқеӣ бо нишон додани рӯз, соату дақиқа, натиҷаҳои кофтукови шахсӣ ва вақти тартиб додани протоколро дарҷ менамояд. Протокол ба дастгиршуда эълон карда шуда, ҳуқуқҳои ӯ, аз ҷумла ҳуқуқ ба даъват намудани ҳимоятгар ва дар ҳузури вай додани нишондод бо сабти ин амал дар протокол фаҳмонида, дар он шахси протоколро тартибдода ва дастгиршуда имзо менамоянд. Таҳқиқкунанда ё муфаттиш вазифадоранд, ки дар давоми 24 соат аз лаҳзаи боздошти гумонбаршуда дар ин бора ба прокурор тариқи хаттӣ хабар диҳанд (КМҶ, моддаи 94).

Боздошт дар ҳуқуқи маъмурӣ ҳамчун ҷазои асосии маъмурӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар шакли боздошти маъмурии амали иҷозатнома барои машғул шудан ба намудҳои муайяни фаъолият ва боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият пешбинӣ шудааст (Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 36, қисми 1 зербандҳои 3 ва 6). Боздошти амали иҷозатномаи машғул шудан бо намуди муайяни фаъолият, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор ба шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ дода шудааст, ҳангоми аз ҷониби иҷозатномадор риоя накардани шарту талаботи иҷозатнома, танҳо бо ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон мумкин аст. Муҳлати боздошти маъмурии амали иҷозатномаи машғул шудан бо намуди муайяни фаъолият аз шаш моҳ зиёд буда наметавонад. Онро мақомоти иҷозатномадиҳанда таъйин менамояд (Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 40).

Боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият аз қатъшавии муваққатии фаъолияти шахси воқеӣ, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ анҷом додааст ва аз қатъшавии муваққатии фаъолияти шахси ҳуқуқӣ, филиалҳо, намояндагиҳо, сохторҳои таркибӣ ва қитъаҳои истеҳсолии он, ҳамзамон истифодаи таҷҳизот, объектҳо, иморату иншоот, амалӣ намудани намудҳои муайяни фаъолият, кор ва хидматрасонӣ иборат мебошад. Он дар ҳолатҳои таҳдид ба ҳаёт ва саломатии одамон, рух додани эпидемия, эпизоотия, заҳролудшави (ифлосшавӣ)-и объектҳои таҳти карантин қарордошта ба воситаи объектҳои карантинӣ, сар задани садамаҳои радиатсионӣ ё фалокати техногенӣ, расонидани зарари ҷиддӣ ба ҳолат ва хусусияти муҳити зист ё ҳангоми содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи муомилоти маводди нашъадор, воситаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот, маҳсулоти спиртдор, инчунин маҳсулоти тамоку ва дигар ҳолатҳои бевосита пешбининамудаи КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати то се моҳ муқаррар гардида, аз тарафи мақомоти ваколатдор дар асоси ҳолатҳо ва тартиби пешбинишуда таъйин мегардад (КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 43).

боздошти тафтиши пешакӣ ё муҳокимаи судӣ дар ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ танаффуси муваққатӣ дар истеҳсолоти парвандаи ҷиноятӣ мебошад, ки онро қонун пешбинӣ намудааст ва сабабаш ғайби айбдоршаванда ва ғайримумкин будани иштироки ӯ дар баррасии парванда буда, барои идома ва хатми он монеа шуда метавонад. Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 230 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми мавҷуд будани яке аз ҳолатҳои зерин тафтиши пешакӣ боздошт мешавад: вобаста ба муайян карда нашудани шахсе, ки бояд ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашида шавад; дар ҳолате, ки айбдоршаванда аз тафтиш ё суд пинҳон шудааст, ё бо сабабҳои дигар маҳалли будубоши ӯ муайян карда нашудааст; дар сурати ба бемории рӯҳӣ ё бемории дигари вазнин гирифтор шудани айбдоршаванда, ки аз ҷониби духтури муассисаи табобатии давлатӣ тасдиқ карда шудааст; дар сурате, ки маҳалли будубоши айбдоршаванда маълум аст, вале вобаста ба ҳалли масъалаи маҳрум кардани айбдоршаванда аз масуният ё супоридани ӯ ба давлати хориҷӣ, инчунин бинобар дар экспедитсия ё сафари хидматӣ зиёда аз ду моҳ буданаш имкони воқеии ширкати ӯ дар кори парванда мавҷуд нест.

Дар бораи боздошти тафтиши пешакӣ муфаттиш қарори асоснок бароварда, нусхаи онро ба прокурор мефиристад. Дар ҳолати аз байн рафтани асосҳои боздошт ё ба миён омадани зарурати пешбурди амали тафтишӣ, ки метавонад бе иштироки айбдоршаванда низ анҷом дода шавад, инчунин бо қарори асосноки прокурор, ки бо он қарори муфаттишро дар хусуси боздошти тафтиш бекор намудааст, тафтиши пешакии боздоштшударо аз нав сар кардан мумкин аст (моддаи 233 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Ҳангоми муҳокимаи судии парванда агар судшаванда пинҳон шавад ё ба бемории рӯҳӣ, ё бемории дигари вазнин гирифтор шуда, яке аз ин ҳолатҳо иштироки ӯро дар маҷлиси суд имконнопазир гардонад, суд пешбурди парвандаро нисбат ба ин судшаванда то кофтуков намудан, ё шифо ёфтани ӯ, ё гирифтани хулосаи экспертиза бозмедорад. Дар ҳолати нисбат ба якчанд судшаванда будани парванда пешбурди он нисбат ба дигар судшавандагон идома дода мешавад, вале агар муҳокимаи алоҳида ҳалли дурусти парвандаро мушкил гардонад, пешбурди парванда пурра боздошт мешавад. Дар хусуси боздошти парванда ҳангоми муҳокимаи судӣ таъйиноти суд қабул ва эълон карда мешавад (моддаи 286 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон).

боздошти баррасии парванда дар ҳуқуқи мурофиавии гражданӣ низ танаффуси муваққатӣ дар баррасии парванда мебошад, ки онро қонун пешбинӣ намудааст. Вале дар ҳуқуқи мурофиавии гражданӣ қонунгузор ҳолатҳои боздошти баррасии парвандаро ба ду гурӯҳи алоҳида: уҳдадорӣ ва ҳуқуқи суд оид ба боздошти баррасии парванда ҷудо намудааст.

Тибқи талаботи моддаи 220 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд уҳдадор аст, ки ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳои зерин баррасии парвандаро боздорад: фавти шаҳрванд, агар муносибатҳои баҳсноки ҳуқуқӣ ворисии ҳуқуқиро иҷозат диҳад; азнавташкилшавии шахси ҳуқуқӣ, ки дар парванда тараф ё шахси сеюми дорои талаботи мустақил мебошад; ғайри қобили амал эътироф намудани тараф ё набудани намояндаи қонунии шахсе, ки ғайри қобили амал эътироф шудааст; ширкати ҷавобгар дар амалиёти ҷангӣ, иҷрои вазифаҳо дар шароити вазъияти фавқулода ва ё ҳолати ҷангӣ, инчунин дар шароити муноқишаҳои мусаллаҳона, ё бо хоҳиши даъвогаре, ки дар амалиёти ҷангӣ иштирок мекунад, ё вазифаҳоро дар шароити вазъияти фавқулода ва ҳолати ҷангӣ, инчунин дар шароити муноқишаҳои мусаллаҳона анҷом медиҳад; имконнопазирии баррасии ҳамин парванда то ҳал намудани дигар парвандае, ки дар мурофиаи судии гражданӣ, ҷиноятӣ ё иқтисодӣ баррасӣ карда мешавад; ҳангоми муроҷиати суд ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи конститутсионӣ будани қонуни татбиқшуда, ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда.

Ҳуқуқи судро оид ба боздошти баррасии парванда қонунгузор дар моддаи 221 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ки инҳоянд: ҳангоми дар муассисаи табобатӣ будани тараф; ҷустуҷӯи ҷавобгар; аз ҷониби суд таъйин намудани экспертиза; таъйин намудани санҷиши шароити иқомат аз ҷониби мақомоти васӣ ва парастор оид ба парвандаҳои фарзандхонӣ ва дигар парвандаҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон дахл доранд; дар сафари хидматӣ будани тараф; аз ҷониби суд ирсол намудани супориши судӣ.

Ширкатдорони парванда нисбат ба таъйинот оид ба боздошти баррасии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2008;
  • Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии  Тоҷикистон. Д., 2009;
  • Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Д., 2009;
  • Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2013.