Бозиҳои дидактикӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бозиҳои дидактикӣ — бозиҳое, ки махсус барои амалӣ гардондани ҳадафҳои таълими кӯдакони синни томактабӣ ва хурди мактабӣ муқаррар шудаанд.

Онҳо қобилияти эҳсос намудани шакл, андоза, ранг, ҷойгиршавии ашё дар фазо, мушоҳидакорӣ, диққат, хотира, тафаккур, малакаи ҳисобкунӣ, нутқ, тасаввурот оид ба муҳити беруна ва дигар хусусиятҳои равонии бачагонро инкишоф медиҳанд. Бозиҳои дидактикӣ дар тарбияи маънавию ахлоқии кӯдакон низ аҳаммияти бузург доранд. Бозиҳои дидактикӣ ба воситаи коғазчаҳои ранга, картон, қутичаҳои расму ҳарфдор, лото, манорачаҳои чӯбӣ ва ғайра сурат мегиранд. Онҳо дар кӯдакон эҳсоси коллективизм, мустақилӣ, ҳадафмандӣ, рафтор мувофиқи меъёрҳои ҷамъиятӣ ва ғайраро бедор менамоянд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Вожаномаи тафсирии истилоҳоти психологӣ ва педагогӣ. Д., 2008.