Jump to content

Бозори Сиёб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дарвозаи асосии бозор
Нонҳои Самарқанд
Меваю сазавот
Шириниҳо

Бозори Сиёб (ӯзб. Siyob bozori) — бузургтарин ва кӯҳнатарин бозори шаҳри Самарқанд (Ӯзбекистон). Ин бозор на танҳо бузургтарин ва кӯҳнатарин бозори Самарқанд, балки яке аз бузургтарин ва кӯҳнатарин бозорҳои Ӯзбекистон ва Осиёи Миёна мебошад. Майдони бозор беш аз 7 гектарро ташкил мекунад. Бозори Сиёб яке аз машҳуртарин (ҳам барои сокинон ва ҳам барои меҳмонони ин шаҳр) ҷойҳои Самарқанд аст.

Номи бозори Сиёб аз номи дарёи Сиёб гирифта шудааст. Дарёи Сиёб дар назди ин бозор мегузарад. Бозори Сиёб дар маркази шаҳри Самарқанд, ба кӯчаҳои Тошканд ва Шоҳи Зинда қарор дорад. Дар атрофи бозори Сиёб машҳуртарин обидаҳои Самарқанд қарор дорад. Ин обидаҳо: масҷиди Биби-Хонум, мақбараи Биби-Хонум, масҷиди Ҳазрати Хизр, ансамбли мақбараҳои Шоҳи Зинда, бозори Чорсу, майдони ва ансамбли Регистон.

Дар бозори Сиёб мол гуногун фурӯхта мешавад. Аз сабзавоту мева, шириниҳо, таому хӯрок, нон, ашёҳои рӯзғор, армуғон, то сарулибосу пойафзол. Ба таркиби бозори Сиёб ҳамчунин супермаркети «Сиёб» ва маркази савдоии «Шодиёна» қарор дорад.[1]