Jump to content

Чорсӯ (бозор)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бозори Чорсу)
Ёдмон
Чорсӯ (бозор)
Кишвар
Макон Самарқанд
 Парвандаҳо дар Викианбор
Парчами ЮНЕСКО Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, № 603
рус.ингл.фр.

Бинои Чорсӯ — бозори таърихиест назди Мадрасаи Шердор, дар майдони Регистони Самарқанд вокеъ аст. Чорсу — ба забони тоҷикӣ вожаи — Чорроҳа мебошад, ки дар шаҳрҳои қадимаи Осиёи Миёна биноҳои дар чорроҳаи ду қатораи тиҷоратӣ воқеъ буданд, ҳамин тавр меномиданд. Бинои шашкунҷае, ки садаи XV, дар мобайни ду роҳ сохта шуда буд ва шаҳри Самарқандро бо шаҳрҳои Шаҳрисабз, Бухоро, Тошкент бо ҳам мепайваст, то замони муосир омада расидааст. Дар аввали садаи XVIII бино аз нав сохта шуда, ба ҷои фурӯшгоҳи сарпӯшҳои миллӣ табдил гашта буд. Соли 2005 бино тармим гардида, пурра баландии бинои пештара баргардонида шуда, тақрибан 3 метр замини таги бино кофта шуда буд. Ҳоло дар ин бино галлереяи санъат ҷойгир шуда дар ин ҷо корҳои рассoмон ва меъморони ӯзбек ба намоиш гузошта мешаванд.