Бозори байналмилалии сармоя
Бозори байналмилалии сармояи қарзӣ — низоми муносибатҳоест, ки дар он сармояи қарзӣ, маблағҳои пулӣ ба мизоҷон бар ивази гирифтани фоиз ва дар муҳлати муайян баргардондани онҳо дода мешавад.
Он бозори муносибатҳои қарзии танзимшаванда буда, ҳамкории ду нафар, яъне қарздиҳанда ва қарзгирандаро муайян мекунад. Бозор амалиёти зеринро дар бар мегирад:
- қисми амалиёти бозорҳои сармояи қарзии кишварҳои алоҳида (муносибатҳои қарзӣ бо ғайрирезидентҳо, мас. ширкатҳои хориҷии дар ҳудуди Тоҷикистон амалкунанда метавонанд аз бозорҳои Тоҷикистон қарз гиранд);
- амалиёти қарзию амонатӣ бо асъори хориҷӣ, ки берун аз ҳудуди мамлакат ин асъорро мебароранд.
Рушди фаъолияти бозор аз бозорҳои миллии сармоя шурӯъ шудааст. Баробари пешрафти савдои байналмилалӣ ва зиёд шудани амалиёти асъорӣ зарурати ҷудо кардани амалиёти асъорӣ аз бозори қарзии миллӣ ва бунёди қоидаҳои умумиҷаҳонии ин шакли фаъолият ба миён омад. Бозорҳои бузургтарини сармояи қарзӣ дар шаҳрҳои Лондон, Порис, Ню-Йорк буда, ба бозорҳои байналмилалӣ мубаддал шудаанд. Баъдан баробари афзоиши амалиёти қарзии асъорӣ Бозорҳои Сюрих, Токио, Брюссел, Баҳрайн ва ғайра ба фаъолият шурӯъ намуданд. Имрӯзҳо, вобаста бо пешрафти илм, бахусус пайдоишу истифодаи васеъи интернет дар соҳаи бонкдорӣ, тартиби иҷрои амалиёти қарзии асъорӣ ва фаъолияти бозорҳои сармоя комилан тағйир ёфтааст. Амалиёти қарзӣ дар бозор аз ҷониби бонкҳои марказӣ, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, ширкатҳои суғуртавӣ, хазинаҳои нафақа, биржа ва ширкатҳо иҷро мешаванд. Вобаста ба муҳлати истифодаи бозорҳои байналмилалии сармояи қарзӣ онро ба се қисм тақсим кардан мумкин аст:
- Бозори байналмилалии пул — бозори қарзҳои кӯтоҳмуддат (аз як рӯз то як сол). Ба ин гурӯҳ қарзҳову пасандозҳои байнибонкӣ, сертификатҳои бонкҳо, вексел ва ризоятномаҳо (аксептҳо)-и бонкҳо дохил мешаванд.
- Бозори байналмилалии қарзҳои миёнамуҳлату дарозмуҳлати хориҷӣ, ки дар онҳо муҳлати қарз беш аз як сол аст. Чунин намуди қарзҳо аз ҷониби бонкҳои хориҷӣ барои пешрафти соҳаҳои истеҳсолӣ, сохтмони иншооту роҳҳо ва ғ. дода мешаванд. Масалан, солҳои 1996—2006 гурӯҳи бонкҳои Швейтсария барои кишт ва истеҳсоли пахта ба корхонаҳои Тоҷикистон қарз додааст. Бонки Венгрия низ ба Комбозор шири шаҳри Душанбе ба муҳлати 5 сол қарз дод. Бонки дигари ҳамин кишвар соли 1998 ба ҳукумати шаҳри Душанбе барои хариди троллейбусҳо қарзи дарозмуҳлат дода буд.
- Бозори байналмилалии молиявӣ — бозори коғазҳои қиматнок дар нимаи дуюми солҳои 60-ум ба фаъолият шурӯъ намудааст. Қарзгирандагон — барорандагони коғазҳои қиматнок ҳукуматҳо, созмонҳо ва ширкатҳои байналмилалӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва муассисаҳои давлатӣ мебошанд. Онҳо коғазҳои қиматноки худро ҳамчун гарави баргардондани қарз ба бозор бароварда, бар ивазаш қарз мегиранд. Ҳоло ҳиссаи асосии қарзҳои байналмилалӣ (тақр. 80 %) ба қарзҳои аз ҳамин бозор гирифта рост меояд.
Дар Тоҷикистон низ аз соли 1997 то имрӯз вомбаргҳои Вазорати молия ба фурӯш бароварда шудаанд, ки ҳадафи он ҷалби маблағҳои пулии аҳолӣ барои пӯшондани касри буҷети давлатӣ мебошад. Коғазҳои қиматнок ба муҳлатҳои гуногун (аз 5 то 40 сол) бароварда мешаванд. Ҳамин тариқ фаъолияти бозор пайваста тағйир ёфта, ба талаботи замон мувофиқ мегардад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бозори байналмилалии сармояи қарзӣ / Ш. Раҳимзода // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.