Jump to content

Бозори пул

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бозори пул (англ. money market) — бозори сармояҳои кӯтоҳмуҳлат дар шакли қарзу коғазҳои қиматнок ба муҳлати, одатан, то се моҳ (90 рӯз).

Дар бозори пул шахсе, ки аз рӯйи шарти муайян қарз медиҳад (қарздиҳанда) ва шахсе, ки аз рӯйи шарти муайян қарз мегирад (қарзгир), ширкат меварзанд. Яке аз табақаҳои иштирокдорони бозори пул даллолони молиявӣ мебошанд, вале хидмати онҳо дар бозор ҳатмӣ нест. Дар бозори пул ба ҳайси қарздеҳ ва қарзгир метавонанд бонкҳо, ташкилотҳои ғайрибонкии қарзӣ, муассисаву корхонаҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, давлат дар шахси ташкилот ва созмони муайян, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва ғайра ширкат намоянд.