Jump to content

Бозори табодули арзҳои хориҷӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бозори табодули арзи хориҷӣФо́рекс аз англ. Foreign Exchange — «табодули хориҷӣ», баъзан FX), бозори асъор — силсилаи муносибатҳои устувори иҷтимоӣ-иқтисодию созмонӣ, ки ҳангоми харидан ва (ё) фурӯхтани арзҳои хориҷӣ, ҳуҷҷатҳои пулии арзҳои хориҷӣ, инчунин амалиёт оид ба гардиши сармояи маблағгузорони хориҷӣ ташаккул меёбад.

Дар бозори асъор мувофиқати манфиатҳои маблағгузорон, фурӯшандаҳо ва харидорони асъори гаронбаҳо ба амал меояд. Саррофӣ (заршиносӣ ва ивазкунии пул) дар Осиёи Марказӣ ҳанӯз аз асрҳои миёна хеле маъмул буд. Бозорҳои асъор дар асри 19 ба вуҷуд омадаанд. Бозори асъор василаест, ки ба тавассути он ҳисобҳои байналмилалии савдои хориҷӣ, сайёҳию хадамот, ҳаракати сармоя, фурӯшу хариди асъори хориҷӣ амалӣ мегарданд. Аз солҳои аввали баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ то охири солҳои 50 асри 20, ки дар дунё маҳдудияти асъорӣ мавҷуд буд, дар давлатҳои мутараққӣ муомилоти асъории спот (қарзи муваққатӣ) ва форвард (муомилаи фаврии ғайрибиржавии асъор) ба вуҷуд омада буданд. Минбаъд аз солҳои 70-ум муомилоти асъории фючерсӣ ва опсионӣ афзалият пайдо карданд. Фючерс қарордоди дар биржа ақдшудаест, ки уҳдадории дорандаи онро ба харидан (фурӯхтан)-и коғазҳои қиматнок бо нархе, ки дар лаҳзаи ақди қарордод муқаррар шудааст, инчунин иҷрои уҳдадориро пас аз фосилаи муайяни вақт ё то таърихи мушаххас пешбинӣ менамояд. Опсион ҳуқуқи интихоби шартҳои алтернативии асъории қарордодест, ки дар шартнома зикр гардида, ба ҷониби дахлдор ба муҳлати муайян ё дар сурати фаро расидани ҳолатҳои муайян дода мешавад. Иштирокдорони асосии бозори асъор бонкҳои марказӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, фирмаҳое, ки ба амалиёти тиҷорати хориҷӣ машғуланд, ширкатҳои маблағгузори байналмилалӣ, фондҳои нафақа ва хеҷӣ (қарордоди фаврие, ки барои ҳимояи қаблӣ аз эҳтимолияти пастравии нархҳо баста мешавад), ширкатҳои суғурта, биржаҳои асъор, брокерҳои асъор ва шахсони воқеӣ мебошанд. Бузургтарин бозорҳои асъор дар Лондон, Франкфурти лаби Майн, Порис, Ню-Йорк, Токио, Ҳонконг ва Сингапур мебошанд.