Бозори ҷаҳонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бозори ҷаҳонӣ — яке аз қисматҳои таркибии иқтисоди ҷаҳонӣ, ки бахшҳои талабот ва пешниҳодро дар бар мегирад; системаи собити муносибатҳои пулию молӣ байни давлатҳо, соҳибкорон, ташкилотҳои тиҷоратӣ, фирмаҳои давлатҳои гуногун, ки дар тақсимоти байналмилалии меҳнат байни ҳамдигар робита доранд. Бозори ҷаҳонӣ аз намудҳои гуногуни бозори ашё, бозори хидматрасонӣ, бозори молиявӣ, бозори захираҳо, аз ҷумла бозори захираҳои меҳнатӣ иборат аст. Фаъолияти бозорҳои ҷаҳонии ашё (мол) ва хидматрасонӣ аз тариқи созишномаи байналмилалии молҳо танзим карда мешавад. Дар ҳар бозори мол марказҳои савдои худӣ — «бозорҳои асосӣ» ташкил меёбанд, ки нархи онҳо дар савдои молҳои муайян шарти асосӣ аст. Вобаста ба тарзи ташкили савдо бозорҳо гуногун мешаванд, мас., биржаи мол, музояда, савдо, намоишгоҳу ярмаркаҳои байналмилалӣ ва ғайра.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]