Бозпеч
Бозпеч (форсӣ: بازپیچ) — як навъ шаддаи муҳра ё шаба аст, ки барои бозии тифл онро дар чӯби гаҳвора меовезанд.
Бозпеч маъмулан аз муҳраҳои якранг ё гуногуни ҷилодору назаррабо, ки ба риштаи тофташуда гузаронида шудаанд, таҳия мешавад. Бозпечро, одатан, модар ё момодоя дар дастаи гаҳвора болои сари кӯдак барои бозӣ ва оромкунӣ меовезанд. Тифл баробари калонтар шудан ба бозпеч даст расонда, бо он бозӣ мекунад. Баъзан мутобиқи урфи қадимӣ барои чашмгардонӣ ва нигоҳ доштани тифл аз балову офатҳо дар миёни шадда сангҳои нодиру гаронбаҳо, тумор, муҳраи чашм ва дигар ороишоти хосияти некдоштаро ҷой медиҳанд. Дар бораи бозпеч шоирон низ дар шеърҳояшон ёдовар шудаанд:
Пайи маҳди атфоли ҷоҳат сазад,
Ки иқди Сурайё шавад бозпеч.Шаҳиди Балхӣ
Бозпеч ҳамчун бозичаи шавқовари тифлон ва унсури ороишии гаҳвора садсолаҳо истифода шуда, то кунун моҳияташро гум накардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бозпеч / Р. Раҳмонӣ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.