Jump to content

Бозрасӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бозрасии таҷҳизоти электронии як ҳавопаймои Нерӯи дарёии ИМА.

Бозрасӣ — дар ҳуқуқ низоми азназаргузаронӣ ва назорат (дидбонӣ, нигаҳбонӣ)-и дурусти амали мақомоти зертобеъ ва ашхос; инчунин шакли махсуси мақомоти идоракунии давлатӣ, ки аз тарафи давлат барои зери назорат (дидбонӣ, нигаҳбонӣ) гирифтани иҷрои қоидаҳои барои соҳаҳои муайян муқарраршуда (мас., бозрасии бехатарии ҳаракати роҳ, бозрасии санитарию эпидемиологӣ, бозрасии бехатарии оташнишонӣ, бозрасии андоз ва ғ.), бо омехтани вазифаҳои назоратӣ бо баъзе вазифаҳои фаврӣ-қарорқабулкунӣ (аз қабили ҷаримабандӣ, татбиқи дигар чораҳои ҷавобгарии маъмурӣ) таъсис дода шудаанд.

Ба вазифаҳои бозрасӣ на фақат санҷиши иҷро, балки дар ҷойи санҷиш ё назорат андешидани чораҳои таъсиррасонии маъмурӣ барои бартараф намудани камбудҳои ҷойдошта ва ошкоршуда нисбат ба вайронкунандагони қоидаҳои қабулшуда низ дохил мешавад. Назорати дурустии амали мақомоти зертобеъ ва ашхос ё назорати иҷрои қонунҳоро дар соҳаҳои махсус шахси мансабдори махсус — бозрас амалӣ мекунад.