Бозубанд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бозубанд — маснуоти ороишии заргарӣ, дастбанди ҳалқашакли зинатӣ, ки заргарон аз тило, нуқра, мис ва дигар ашёи гаронбаҳо дар шакли давра месозанд ва онро занон (бештар) ва мардон ба гардан ё бозу меовезанд.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар замонҳои пеш ҳар чизи ҳалқашакли ороишёфта ва беороишро, ки дар бозу бас­та шавад, бозубанд меномиданд. Бозубанди занон аз бозубанди мардон бо он фарқ мекунад, ки зебу зинати нафису ороишӣ беш­тар дорад. Бозубанди мардон маъмулан сода буда, барои подшоҳон, паҳлавонон ва шахсиятҳои маъруф бо сангҳои гаронбаҳо зинат дода мешуд. Дар замонҳои пеш бозубанди махсусе аз филиззоти қимат сохта мешуд, ки онро ба бозуи паҳлавонон мебастанд. Дар гузашта баъзе чизҳо, ба монанди риштаи тасбеҳ, давол (тасмаи чармин) ва ғайраро, ки ба дастаи шамшер мебастанд, низ бозубанд меномиданд. Ҳатто паҳлавонон дар камарбанди худ давол (тасма)-е мебастанд, ки шабеҳи бозубанд будааст. Дар ин хусус дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ омадааст:

Гирифтам лавояи камарбанди ӯй,
Биафшурдамаш сахт пайванди ӯй.

Шакли дигари маъмултарини бозубанд қутичаи доирашакли дарозрӯ мебошад, ки бештар дар байни занон маъруф аст, вале онро ба бозу намебанданд, балки ба гардан ме­овезанд. Ин навъ бозубанд дар қолаби ҷаъба ё қутичаи доира­шакли дарозрӯ буда, ду тарафаш сарпӯш дорад. Дар сарпӯшҳо занҷира насб мекарданд. Ба поёни бозубанд аз сими борики тило ва ё нуқра панҷараҳои хурдакаки сегӯша ё овезаҳои зинатбахш меовехтанд. Аз сабаби муқаддас будани шумораи ҳафт теъдоди ин панҷараҳо ё овезаҳо ҳафт адад буд. Дар поёни ин панҷараҳо гоҳе танга, сикка ё зангулачаҳо кашол менамуданд. Рӯйи бозубандро хотамкорӣ карда, бо сангҳои гаронбаҳо ороиш медоданд. Дар болои бозубанди занон ду гӯшак мавҷуд аст, ки дар он занҷири дароз баста мешавад ва он барои ба гардан ё зери бағал овезон кардан аст. Дар рӯйи бозубанд ҳунармандон бо маҳорати хосса нақшунигор ҳаккокӣ мекарданд. Бозубандҳои гузашта хеле зебо буданд, дар рӯйи онҳо мисрае ё андарзе сабт мегардид. Дар сарпӯши бозубанд тибқи тақозои фармоишгар санаи таърихӣ ё калимаи муҳимме ҳаккокӣ карда мешуд, ки ин аз заргар маҳорати махсусро талаб менамуд. Бозубанд барои арусшаванда аз ҷониби падар, бародар ва ҳамсар туҳфаи арзишманде буд. Дар даруни бозубанд гоҳе тумор, дуо, навиштаи муҳим ва гоҳе пул мегузоштанд. Имрӯзҳо низ дар баъзе рустоҳо бозубанд мавҷуд аст.

Дар фолклори тоҷик низ истилоҳи бозубанд ба кор рафтааст. Яке аз бадеҳаҳои тоҷикӣ «Бозубандамро бидеҳ» ном дорад:

Духтар:

Бачаи ҳамсоя, мегум бозубандамро бидеҳ,
Бозубанду гӯшвору гулӯбандамро бидеҳ.

Ҷавон:

Духтари ҳамсоя, мегум бозубандат ба мо нест,
Бозубанду гӯшвору гулӯбандат ба мо нест.

Духтарон:

Бачаи ҳамсоя, мегум бозубандашро бидеҳ.
Бозубанду гӯшвору гулӯбандашро бидеҳ.

Ҷавонон:

Духтари ҳамсоя, мегум бозубандат ба мо нест,
Бозубанду гӯшвору гулӯбандат ба мо нест.

Дар гузашта бозубанди ҳалқашаклро муҳра низ мегуфтаанд, ки Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» аз он чунин ёдовар шудааст:

Ба бозуи Рустам яке муҳра буд,
Ки он муҳра андар ҷаҳон шуҳра буд.

Рустам ба Таҳмина мегуяд, ки агар писар таваллуд кунӣ, муҳраро, яъне бозубандро ба бозуи ӯ банд:

В-ар эдун, ки ояд зи ахтар писар,
Бибандаш ба бозу нишони падар.

Дар байни мардум бозубанди қуръонӣ низ мавҷуд будааст, ки аз матоъ дар шакли ҳалқа бо оятҳои Қуръон таҳия на­муда, ба бозу мебастанд ва онро «бозубандӣ» мегуфтанд. Дар замони мо низ дар бозуи писарон, духтарон, мардон ва занон гоҳе бозубанд баста мешавад, ки он аз матоъ ё чарм аст ва дар дарунаш чанде аз оятҳои Қуръон навишта шуда­аст. Ин навъ бозубанд гӯё шахсро аз нерӯҳои шайтонӣ, ҷин, бало, чашми бад ва монанди инҳо змин нигаҳ медорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]