Бозхонд
Бозхонд — дар ҳуқуқи меҳнат аз рухсатии меҳнатӣ бозхондани корманд аст.
Тибқи талаботи қисми 2 моддаи 96 Кодекси меҳнати Тоҷикистон бозхонди корманд аз рухсатӣ танҳо бо розигии ӯ имконпазир аст. Зеро рухсатии ҳарсолаи пардохташаванда барои истироҳат, барқарор намудани қобилияти меҳнатӣ дода мешавад, бинобар ин қонунгузор имконнопазир будани бозхонди кормандро бе гирифтани розигии хаттии ӯ пешбинӣ намудааст. Ҳамзамон, қисми рухсатии истифоданашуда ба корманд дар давоми ҳамон соли корӣ дар вақти барояш мусоид дода мешавад ва ё тибқи талаботи меъёрҳои моддаи 941-и ҳамин кодекс ба рухсатии соли кории ояндааш илова мегардад. Бозхонди корманд аз рухсатӣ дар асоси фармони хаттии корфармо, бо гирифтани розигии хаттии корманд, сурат мегирад. Дар ҳамин фармон дар асоси аризаи хаттии корманд масъалаи ба вақти дигар гузаронидани қисми истифоданашудаи рухсатӣ ҳал карда мешавад. Бозхонд аз рухсатиро рад намуда, ба кор набаромадани корманд вайронкунии интизоми меҳнат намешавад ва боиси татбиқи ҷазои интизомӣ намегардад. Бозхонд аз рухсатӣ боиси бозҳисобии музди меҳнат мегардад. Музди меҳнат барои давраи қисми истифоданашудаи рухсатӣ ба ҳисоби музди меҳнате, ки корманд бояд ҳангоми ба кор баромадан гирад, дохил мешавад. Ҳангоми аз тарафи корманд гирифтани қисми истифоданашудаи рухсатӣ ҳисоб кардани маблағи ин давра аз сари нав сурат мегирад. Кодекси меҳнат мамнӯъ будани бозхонд аз рухсатии меҳнатиро барои баъзе гурӯҳи кормандон, аз ҷумла кормандони то 18-сола ва шахсоне, ки дар шароити барои саломатӣ зараровар ва вазнини меҳнат кор мекунанд ё корашон хусусияти махсус дорад, муқаррар кардааст (қисми 4-и моддаи 96 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Бозхонди раис, муовинон, судяҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Тоҷикистонро Конститутсияи ҶТ (банди 2 моддаи 56, банди 8 моддаи 69) пешбинӣ намудааст. Тартиби бозхонди онҳо инчунин дар моддаи 18 Қонуни конститутсионии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» омада, асосҳои бозхонди онҳо аз вазифа муқаррар карда шудааст. Асосҳои бозхондро шартан ба 2 гурӯҳ ҷудо менамоянд:
- асосҳое, ки ба хоҳиши судя вобастаанд;
- асосҳое, ки аз хоҳиши ӯ вобаста нестанд.
Раис, муовинон, судяҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ ҳуқуқи ба истеъфо рафтан доранд ва дар ин бора аризаи хаттӣ пешниҳод менамоянд. Инчунин онҳо дар асоси аризаи хаттиашон бо хоҳиши худ, бо сабаби ба кори дигар гузаштан ё гузаронидан, бо сабабҳои оилавӣ тағйир додани ҷойи иқомат, бо сабаби аз ҳудуди ҷумҳурӣ баромада рафтан, шаҳрвандии Тоҷикистонро гум кардан аз вазифа бозхонд мешаванд (қисми 1 моддаи 18 Қонуни мазкур). Асосҳои зикргардидаи бозхонд аз вазифа ба хоҳиши раис, муовинон, судяҳои суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вобаста аст. Дар чунин мавридҳо барои бозхонди судя аз вазифа хулосаи Коллегияи тахассусии судяҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ гирифта намешавад. Қонуни конститутсионии зикршуда (бандҳои 3-6, 8-14 қисми 1 моддаи 18) ҳолатҳои зерини бозхонди ин судяҳоро пешбинӣ намудааст, ки аз хоҳиши онҳо вобастагӣ надорад: вақте ки судя бо фаъолияти ба вазифааш номувофиқ машғул аст; дар бораи судя бароварда шудани ҳукми айбдоркунандаи суд ва эътибори қонунӣ пайдо кардани он; бо ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдокардаи суд қобилияти амалкунии судя маҳдуд дониста шудааст ё ӯ ғайри қобили амал эътироф шудааст; аз рӯи вазъи саломатӣ ё бо сабабҳои узрнок аз ҷониби судя дар муддати тулонӣ (на камтар аз чор моҳ пай дар пай) иҷро карда натавонистани вазифа ба сифати судя; мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун бо қарори суд, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст, бедарак ғоиб эътироф намудан ё фавтида эълон намудан; теъдоди сохтори суд ё ихтисори шумораи судяҳо; вафоти судя; вайрон кардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо ё содир намудани рафторе, ки шараф ва эътибори судяро доғдор месозад; аз ҷониби судя вайрон кардани қонунгузории меҳнатӣ; ба итмом расидани муҳлати ваколати судя; ошкор шудани номувофиқ будани судя ба вазифаи ишғолкардааш. Агар ҳангоми бозхонди судя асосҳои он ҷавобгарии интизомӣ дошта бошанд ва ё муайян намудани номувофиқ будани судя ба вазифаи ишғолкардааш асос дошта бошад, он гоҳ хулосаи Коллегияи тахассусии судяҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ гирифта мешавад.
Раис, муовинон, судяҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон аз Ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бозхонд / Д. Абдуллоев // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.