Бозхонди вакили мардумӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бозхонди вакили мардумӣ — падидаи боздошти пеш аз муҳлати ваколати вакили мардумӣ дар асоси изҳори иродаи интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии марбута тавассути овоздиҳӣ.

Дар таҷрибаи байналмилалӣ бозхонд кам ба чашм мерасад. Дар давлатҳои низоми демократии либералӣ, бинобар мавҷуд будани принсип (усул)-и намояндагии миллӣ, ҳолати мазкур ҷой надорад, вале дар амалияи парлумонӣ ба ҷойи он падидаи маҳрум намудан аз мандати вакилӣ мавҷуд аст. Дар давлатҳои ба истилоҳ сотсиалистӣ ва баъзе давлатҳои дигар қоидае ҷой дорад, ки мувофиқи он вакили мақомоти намояндагӣ ба амри интихобкунандагон тобеъ буда, дар фаъолияти худ дар назди онҳо масъул мебошад. Дар сурати аз бовар баромадани вакил интихобкунандагон ӯро бозхонда метавонанд (мандати императивӣ). Мувофиқи моддаи 51 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба амри интихобкунандагон тобеъ набуда, ҳақ дорад фикри худро озодона изҳор дорад, мувофиқи ақидаҳои худ овоз диҳад

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]