Бойназар Бойназаров
Бойназар Имомёрбекович Бойназаров | |
Таърихи таваллуд: | 1940 |
Зодгоҳ: | ноҳияи Ишкошим |
Кишвар: |
![]() |
Фазои илмӣ: | санъатшиносӣ |
Ҷойҳои кор: | Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илм |
Алма-матер: | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Бойназар Имомёрбекович Бойназаров (1940, н. Ишкошими ВМКБ), санъатшинос, номзади илми санъатшиносӣ (2003). Соли 1961 Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ва 1977 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шаҳри Душанберо хатм намудааст. Дар макотиби ҷумҳурӣ аз таърихи санъат дарс дода, дар Институти такмили ихтисоси муаллимони шаҳри Душанбе ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ Тоҷикистон корҳои таҳкиқотӣ анљом додааст. Аз соли 2004 муаллими калони кафедраи меъморӣ ва дизайни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ мебошад. Муаллифи як идда мақола, дастуру китобҳои дарсӣ перомуни таърихи санъати тасвирии тоҷик дар солҳои шӯравӣ, санъати ороишӣ-бадеӣ аст.[1]
Осор[вироиш | вироиши манбаъ]
- История становления и развития изобразительного искусства Таджикистана, - Д., 2006;
- Санъат ва меҳнат. (Китоби дарсӣ барои синфи 2), Красноярск, 2001;
- Санъати тасвирӣ (Китоби дарсї барои синфи 5), Д., 2003;
- Санъати тасвирӣ (Китоби дарсӣ барои синфи 7), Д., 2005;
- Омӯзиши аслии тасвирҳо (Васоити методӣ), Д., 2006.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷилди I (А-М). — Душанбе, 2015. — 668 с. (тоҷ.) ISBN 978-99947-33-79-8