Ноҳияи Ишкошим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ноҳияи Ишкошим
Ноҳияи Ишкошим
Мамлакат

Flag of Tajikistan.svg Тоҷикистон

Унвон

Ноҳияи маъмурӣ

Тобеи

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Шомили

1 шаҳрак, 6 ҷамоат

Маркази маъмурӣ

Ишкошим

Санаи таъсис

27 октябри 1932

Забони расмӣ

]тоҷикӣ

Аҳолӣ (2015)

30 800 [1] нафар

Гурӯҳҳои миллӣ

тоҷикон

Гурӯҳҳои динӣ

мусулмонон сунниҳо

Масоҳат

3656,0 км² км²

Баландӣ
аз сатҳи баҳр
 • Нуқтаи баландтарин
 • Баландии миёна



 зиёда аз 5000 м
 3000 м

Location of Ishkoshim District in Tajikistan.png

Минтақаи замонӣ

UTC+5

Сарвожа

IS

Коди ISO 3166-2

TJ.BK.IS

Коди телефон

+992 3553

Нишонаи почта

736500

Домени Интернет

tj

Шумораи мошинҳо

04 TJ

Commons-logo.svg [[commons:Гурӯҳ:Ishkoshim District|Шаблон:Бе аниқкунӣ]] дар Викианбор

Координатаҳо: 36°43′31″ а. шм. 71°36′48″ т. шқ. / 36.72528° а. шм. 71.613472° т. шқ. / 36.72528; 71.613472 (G) (O)


Ноҳияи Ишкошим (порсӣ: ناحیۀ اشکاشم) — яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Ин ноҳия 27 октябри соли 1932 таъсис ёфта аст. Маркази ин ноҳия рустои Ишкошим (порсӣ: اشکاشم) аст, ки 104 км ҷанубтар аз шаҳри Хоруғ дар канораи рӯди Панҷ ҷой дорад.

Ҷуғрофия[вироиш]

Ноҳияи Ишкошим дар миёни қаторкӯҳҳои Роштқалъаву Ишкошиму Вахон воқеъ аст. Дар шимолу ғарб бо ноҳияи Шуғнон, дар шимол бо ноҳияи Роштқалъа, дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб ва дар ҷануб бо вулусволиҳои Ишкошим ва Вахони вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад.

Аз шимолу шарқи ноҳияи Ишкошим ба шимолу ғарби он рӯди Панҷ гузар мекунанд.

Ноҳияи Ишкошим 3656,0 км² масоҳат дорад.

Мардум[вироиш]

Тақсимоти идории ВМКБ

Бино бар саршумори соли 2015 дар ноҳияи Ишкошим 30 800 нафар зиндагӣ мекунад.[2] Мардуми Ишкошим ба забонҳои тоҷикӣ (порсӣ), ишкошимӣ ва вахонӣ сухан мегӯянд.

Таърих[вироиш]

Бино бар роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва порсизабони садаҳои миёна, ноҳияи Ишкошим дар гузашта Вахон (порсӣ: وخان) ном доштааст.[3] Вале ин аз эҳтимол дур аст, зеро қабл аз "истилои" Шуравӣ Ишкошим як вулуси алоҳида ва Вахон вулусе алоҳида будаанд.

Ишкошим аз замони Сомониён то соли 1895 ҳукумате мустақил дошта ва фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Қаламрави подшоҳии Вахон сарзамини имрӯзаи ноҳияи Ишкошим ва вулусволии афғонии Ишкошим (порсӣ: اشکاشم) дар ду канораи рӯди Панҷро дар бар мегирифтааст.

Соли 1895 подшоҳии Ишкошим, ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид ва канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.[4]

Ишкошим дар солҳои 1878 – 1920 яке аз бекигариҳои аморати Бухоро буд ва бек дар рустои Ишкошим менишаст ва мир хонда мешуд.

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон дар соли 1924, Ишкошим бахше аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гардид, ки 2 январи соли 1925 таъсис дода шуд.

Бахшҳои идорӣ[вироиш]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Ишкошим 1 шаҳрак ва 6 ҷамоат дорад[5]

Ҷамоатҳои ноҳияи Ишкошим
Ҷамоат Аҳолӣ
Аскар Замиров (собиқ Андароб) 2 527
Вранг 5 152
Зонг 4 863
шаҳраки Ишкошим 6 567
Қозидеҳ 1 880
Питуп
Шитхарв 4 862

Ҳукумат[вироиш]

Сарвари ноҳияи Ишкошим Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Ишкошим — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Ишкошим ба муддати 5 сол интихоб мешавад.


Эзоҳ[вироиш]

  1. Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2015 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.
  2. Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2015 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.
  3. Камалиддинов Ш.С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX - начала XIII вв.
  4. Постников А.В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0
  5. Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.

Манобеъ[вироиш]

  • Постников А.В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0


Ноҳияҳои Бадахшон
Ноҳияи Дарвоз. Ноҳияи Ванҷ. Ноҳияи Рӯшон. Ноҳияи Шуғнон. Ноҳияи Роштқалъа. Ноҳияи Ишкошим. Ноҳияи Мурғоб.