Бойсунғур Мирзо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бойсунғур Мирзо

Бойсунғур Мирзо фарзанди Маҳмуд ибни Аҳмад ибни Абусаиди Гургонӣ форсӣ: بايسنغر ميرزا‎) — ҳокими ноҳияи Бадахшон (ҳукмронӣ 1474—1495).

Шахси бофазлу дониш буда, шеър мегуфт ва дар шеър «Одилӣ» тахаллус мекард. Дар «Маҷолису-н-нафоис»-и Алишери Навоӣ омадааст, ки Султоналии Машҳадӣ покизагии хатти настаълиқи вайро ситудааст. Аз осори ӯ қитъае дар мураққаи Баҳром Мирзо дар китобхонаи Хазинаи авқофи Истанбул маҳфуз аст, ки бо хатти хуш навишта шудааст. Ин Бойсунғурро бо Бойсунғур Мирзо — фарзанди Шоҳрух ибни Темур, ки дар соли 1434 вафот кардааст ва ба ҷуз настаълиқ ҳамаи анвои хатро хуш менавиштааст, набояд иштибоҳ кард.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]