Боксит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бокси́т (фр. bauxite, аз номи деҳаи Ле Бо дар ҷануби Фаронса, ки қабати боксит бори нахуст дар он ҷо ёфт шудааст) — ҷинси кӯҳӣ, ки асосан аз оксиди алюминий (Al2 О3), оксиди оҳан (Fe2О3) ва минералҳои гилӣ таркиб ёфтааст. Таркиби боксит инчунин ба миқдори кам минералҳои диаспор, бёмит, гиббсит, гётит, гидрогётит, гидрогематит, каолинит, шамозит, хлоритҳо, рутил, анатаз, илменит, алюмогётит, дернит, алюмогематит, сидерит, калсит, микоҳо ва ғ. дорад. Рангаш сурх, сурхи ҷигарӣ, баъзан хокистарӣ, сафед, зард, сиёҳтоб буда, анбӯҳаҳои сахт, масомадор, ковок, пӯк, заминӣ, хока, гилмонанд дорад. Аз ҷиҳати сохторӣ боксити оворӣ (пелитӣ, регӣ, шанӣ, конгломератӣ), боксити конкретсионӣ (оолитӣ, пизолитӣ, лӯбиёӣ), боксити лоядор ва боксити яклухтро фарқ мекунанд. бокситҳо бофтаҳои колломорфӣ (ягонасохт, лоядор ва ғ.) доранд. Аз сабаби масоманокӣ ва таркиби гуногун доштанашон вазни ҳаҷмии боксит аз 1800 (боксит ковок) то 3200 кг/м3 (боксити каммасома ва бештар оҳандор) тағйир ёфта метавонад. Вобаста ба таркиби минералиашон боксити моногидрооксидӣ (диаспорӣ, бёмитӣ), боксити сегидрооксидӣ (гиббситӣ) ва боксити омехтаро (диаспор-бёмитӣ, бёмит-гиббситӣ) фарқ мекунанд.

Маъдани алюминий, ки аз гидрооксиди алюминий, оксиди оҳан ва силитсий иборат аст, барои ҳосил кардани гилхок ва оташтобоварҳои гилхокӣ ашёи хом мебошад. Миқдори гилхок дар боксити саноатӣ аз 40% то 60% тағйир меёбад. Дар шароити муқаррарии фарсоиш шпатҳои саҳроӣ (минералҳое, ки қисми зиёди қишри заминро ташкил медиҳанд ва алюмосиликатҳо мебошанд) пӯсида, гилро ба вуҷуд меоранд, вале дар шароити иқлими гарм ва рутубати зиёд маводди пӯсиши онҳо метавонанд бокситҳо бошанд. Аз боксит алюминийро марҳала ба марҳала ҳосил мекунанд: аввал оксиди алюминий (гилхок), сипас алюминийи филиззӣ (бо усули электролиз ва истифодаи криолит). Боксит инчунин барои истеҳсоли ранг, сементи гилдор, электрокорунд, дар филиззкории сиёҳ, тоза кардани нафт ва ғ. истифода мешавад. Захираҳои бузургтарини боксит дар Гвинея (Боке, Фриа, Дебеле ва ғ.), Австралия (Уэйпа, Гов), Руссия (Вислов, Тихвин, Урали Шимолӣ ва ғ.), Қазоқистон (Турғай), Хитой (Шандун, Ляонин) мавҷуданд. Дар Тоҷикистони Марказӣ ва Бадахшон якчанд зуҳуроти начандон калони боксит ба қайд гирифта шудаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]