Jump to content

Болодарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Болодарӣ — ҷузви деворҳои чиниши дастӣ, ки дар болои ҷойҳои дару тиреза гузошта мешавад.

Болодарӣ чӯбӣ ва оҳанубетонӣ мешавад. Болодарии чӯбӣ дар болои ду паҳлударӣ васл мегардад. Баъзан дар меҳмонхонаҳо ё дигар иморатҳои ҷамъиятӣ болодарӣ бо паҳлударӣ якҷоя кандакорӣ карда мешавад, ки хеле зебост (мас., дарҳои Мадрасаи Улуғбек дар шаҳри Самарқанд). Ба сифати болодарӣ болоракҳои оҳанубетонии тайёрро истифода мебаранд ё онҳоро аз оҳану бетони яклухт дар мавқеи ҷойгиршавӣ тайёр мекунанд. болодариҳо худбардор ва борбардор мешаванд. болодарии худбардор танҳо вазни худ ва вазни девори дар болояш ҷойгирбударо мебардорад ва дар болои деворҳои худбардор ва ғайриборбардор гузошта мешавад. Болодарии борбардор мувофиқан дар деворҳои борбардор гузошта шуда, ғайр аз вазнҳои номбурда вазнҳои конструксияҳои ошёнпӯш ва унсурҳои дигари биноро қабул мекунад.