Болта Азимов
Зоҳир
Болта Азимов | |
Таърихи таваллуд | 1934 |
Зодгоҳ | ноҳияи Данғара, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 5 июн 1981 |
Кишвар | Тоҷикистон Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | кимиё |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илм |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров |
Болта Азимов (тав. соли 1934, ноҳияи Данғара — 5. 6. 1981, Душанбе) — кимиёшиноси тоҷик, номзади илмҳои химия (1973), дотсент (1980).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1958 факултети табиатшиносӣ ва химияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Кировро хатм кардааст. Солҳои 1958–1960 муаллими табиатшиносиву химияи мактаби миёнаи ба номи Титов дар ноҳияи Ленин, 1960–1967 ассистент, муаллими кафедраи химия, 1968– 1971 аспиранти кафедраи химия, 1972–1981 муаллими калони кафедраи химия, дотсенти кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Муаллифи як қатор мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ мебошад. Дар конференсияҳои илмию назариявии донишкада ва АИ Тоҷикистон бо маърӯзаҳо баромад кардааст.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Гурӯҳҳо:
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони соли 1934
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Данғара
- Даргузаштагони 5 июн
- Даргузаштагони соли 1981
- Номзадҳои илм
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Кимиёшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ