Jump to content

Энсиклопедияи калони советӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Энсиклопедияи Калони Советӣ (русӣ: Большая Советская Энциклопедия; БСЭ) — нахустин донишномаи умумӣ ва марксистӣ-ленинӣ, ки дар ИҶШС ба забони русӣ нашр карда шудааст. Аз соли 1926 (ҷилди якуми нашри аввали он) то соли 1990 (охирин солнома) дар нашриёти «Советская энциклопедия» (ҳозира — нашриёти «Большая Российская энциклопедия») ба нашр расидааст. Се интишори Энсиклопедияи Калони Советӣ :

  • нашри аввал (1926-1947) дарбаргирандаи 65 ҷилд ва ҷилди иловагӣ «СССР», бе рақам;
  • нашри дуюм (1949-1958) дарбаргирандаи 49 ҷилд, ҷилди 50 «СССР», ҷилдҳои иловагӣ 51 ва 52 «Алфавитный указатель» дар ду китоб (1960);
  • нашри сеюм (1969-1978) дарбаргирандаи 30 ҷилд (чопи ҷилди 24 дар ду китоб: дуюм, китоби иловагӣ — «СССР») ва ҷилди иловагӣ «Алфавитный именной указатель» бе рақам (1981).
Нашри сеюми Энсиклопедияи калони Советӣ дар китобхона
Нашри якум
Нашри дуюм

Нашри сеюми «Энсиклопедияи Калони Советӣ», (солҳои нашр 1969 – 1978) - аз 30 ҷилд иборат аст. Соли 2001 нашри сеюми Энсиклопедияи Бузурги шӯравӣ дар се компакт-диск (ширкати «Аутопан» сабт шудааст.

Нусхаи электронӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Донистаниҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]