Бом

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бом дар Бухарест (Руминия)

Бом — ҷузви меъморӣ, қисми болопӯши биноҳои иқоматӣ ва маъмурию фарҳангӣ.

Навъҳои бом вобаста ба иқлиму шароити ҷуғрофӣ, масолеҳи сохтмон ва мувофиқи тақозои санъати меъморию таъйинот гуногун мешаванд. Шаклҳои маъмултарини бом: боми ҳамвор, боми якнишеба, боми дунишеба ва ғ. Дар Осиёи Марказӣ пештар аксар биноҳои похсагӣ ва синҷиро бо бом мепӯшонданд. Бар девори бино болор гузошта, вассапӯш мекарданд ва сипас онро бо бӯриё, қамиш ва ё пахол пӯшонда, рӯйи он як қабат гил (хасгил) ва сипас хоки нам (коҳгил) мехобонданд. Аз болои он андова мекарданд, то ки об нагузарад. Дар баъзе ҷойҳо барои об нагузаштан болои андова намак мепошиданд. Ҳоло ин гуна бомҳо қариб сохта намешаванд. Дар Русия ва дигар мамлакатҳои ҳамҷавори он бомҳои хонаҳои иқоматиро дунишебаи сафолпӯш мекарданд. Бомҳои масҷиду мадраса ва дигар биноҳои маъмурии қадим ба услуби гунбаз сохта мешуданд. Ҳоло дар Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ хонаҳои иқоматии шахсии бомашон шиферпӯшу тунукапӯш маъмул гардидааст, вале дар хонаҳои иқоматии коммуналию кооперативӣ ва биноҳои маъмурию фарҳангӣ бомҳои ҳамвори бетонию мазутӣ бештаранд. Бом аз унсурҳо (ҷузъҳо)-и борбардор (болорҳо, қафасаҳо, панелҳо ва ғ.) ва қабати берунӣ (бомпӯш) иборат аст. Бомҳо бо зершервонӣ, гунбазшакл, тоқшакл, нишеб ва ҳамвор мешаванд. Бомҳои намуди зершервонӣ аз ҳамвориҳои нишеб иборат буда, биноро танҳо аз боришот муҳофизат мекунанд. Ҳоло бештар бомҳои ду ва чорнишеба истифода мешаванд. Дар бомҳои ҳамвор ҳамаи унсурҳои он дар ҳудуди як конструксияи бисёрқабата ҷойгиранд. Бомпӯш аз қабати обногузар (рубероид, мастикаи битумӣ, шифер, варақаҳои асбестусементӣ, пӯлоди руҳандуд, сафолак) ва асос (вассачин, унсурҳои болопӯш, қабати ҳамвор ва ғ.), ки болои конструксияи борбардор ё қабати гарминогузар гузошта мешавад, иборат аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]