Бомшод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Бомшод (с. тав. номаълум, Табаристон, с. ваф. 634, Тайсафун), сароянда, навозанда, мусиқидон ва шоири машҳури замони Сосониён (222-651), асри Хусрави Парвиз (592-628). Ҳунари сознавозию овозхониро дар зодгоҳаш омӯхта, сониян ба дарбори шоҳони Сосонӣ чун ромишвар хидмат кардааст. Бомшод аз ромишгарони замони Борбад буда, дар иҷрои осори мусиқии таронаҳои рустоӣ (рустак траник), фаҳлавиёт (паҳлавиёт), достонҳои таърихию ҳамосӣ, сурудҳои силсилаии ниёишӣ «Каркуӣ», «Лоскавӣ», «Уроманӣ» маҳорати баланд дошта аст. Бомшод дар инкишофи шаклу анвои шеърию мусиқии маъмули замонааш «тарона» (транак), «чакома» («чикомак»), «суруд» («срут»), «патвожа» ва ғ. нақши муассир гузошта, мусаннифи суруду оҳангҳои мавсимӣ-маросимии «Бомшодӣ», «Найрез», «Ашкана», «Тези Рост» ва ғ. аст. Дар адабиёти форсии тоҷикӣ тавсифи ӯ шуда:

Булбул боғ, ба боғ дӯш навое мезад,
Хубтар аз Борбад нектар аз Бомшод

(Манучеҳрӣ)

Дар чангнавозию барбатнавозӣ бисёр моҳир будааст.

Адабиёт[вироиш]

Машҳун Ҳ. Таърихи мусиқии Эрон, Теҳ-рон, 1376; Азиз Шаъбонӣ. Аз Куруш то паҳлавӣ, Шероз, 1346; Раджабов А. Традиции классической музыкальной культуры эпохи Сасанидов, Душ., 2005; Фарҳангномаи мусиқии Эрон, Теҳрон. 1376; Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1, Душ. 1988.[1]

Ҳамчунин нигаред[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 46 ISBN 978-99947-49-13-3