Бонапартизм
Бонапартизм — сиёсатест, ки дар натиҷаи буҳрони сиёсии ҷомеъа яке аз гурӯҳҳои қудратталаб вазъи баамаломадаро истифода намуда, бо ёрии артиш ё нерӯҳои низомии дигар ҳокимиятро соҳиб мешавад.
Сараввал истилоҳи бонапартизм барои ифодаи диктатураи ҳарбии Наполеон Бонапарт ва Луи Бонапарт истифода шуда, дертар маънии фарохтари сиёсати эътимодбахши ҳарбиеро гирифт, ки дар миёни гурӯҳҳои қудратталаб моҳирона амал намуда, ҳокимиятро ба даст меорад. бонапартизм усулан сиёсатест, ки дар байни манфиатҳои иҷтимоӣ ва сиёсии гурӯҳҳо амал намуда, ҳар гуна оппозитсияи сиёсиро ва диққати мардумро аз масъалаҳои дохилию берунӣ ба сиёсати экспансионистӣ ҷалб менамояд. Мафҳуми бонапартизм аз насабу сиёсати қудратталабии Наполеон Бонапарт гирифта шуда бошад ҳам, ин гуна ҳодисаҳо дар таърих борҳо то замони Наполеон рӯй додаанд. Дар илм чунин рӯйдодҳоро бо мафҳуми «сезаризм» низ ифода намудаанд, ки сухан аз боби ба қудрат расидани сарлашкари машҳури румӣ Юлий Сезар меравад. бонапартизм ҳамчун ҷараёни сиёсӣ асосан манфиатҳои буржуазияи ҳукмронро ифода менамуд. Буржуазия дар натиҷаи буҳрони шадид ва вазъи ногувори ҷомеа ҳокимияти хешро ба диктатураи ҳарбӣ месупорид, ки он усули шакли монархияи номаҳдуд буда, арзишҳои демократиро бо ном нигоҳ медорад, вале асосан ба зӯроварӣ ва нерӯи артиш такя менамояд. бонапартизм ҳамчун қудрати идорӣ дар фаъолияти худ хусусиятҳои генезиси инқилобӣ ва моҳияти иртиҷоиро фароҳам меорад. Аз он хотир бонапартизм пайдоиши инқилобгароӣ дошта, ҳамзамон кӯшиши таҷассуми монархияи иҷтимоиро менамояд ва ба боварию пуштибонии доираи васеи мардум такя мекунад. Беҳуда нест, ки бонапартизм чун низоми сиёсӣ дар ҳалли мушкилоту монеаҳои ҷомеа бештар ба фазлфурӯшию суханпардозӣ такя мекунад.
Дар шароити кунунии инкишофи таърихӣ таҳти мафҳуми бонапартизм диктатураҳои ҳарбие ифода мешаванд, ки ба ҳукмронии ҳизбӣ ва ғояҳои идеологӣ вобастагӣ доранд (мас., диктатураи Пиночет дар Чили). Яке аз шаклҳои бонапартизм фашизм ба шумор меравад, ки аз рӯйи мазмуну моҳият ва пайгирии низоми иҷтимоӣ ба ҳамдигар қаробат доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бонапартизм / Г. Зокиров // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.