Jump to content

Бонги хатар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бонги хатар — ишорати шартӣ (бо мушак, бурғу, шайпур), ки аз рӯйи он ҷузъу томҳои ҳарбӣ (қисм, иттиҳодия) дар муҳлати муқарраршуда дар ҳолати комилан тайёри ҳарбӣ барои иҷрои супориши ҷангӣ дар минтақаи аз рӯйи нақша муайяншуда ҳозир мешаванд.

Бонги хатар, ишорати шартӣ (ё гурӯҳи ишорот), ки аҳолиро аз хатари ҳуҷуми ҳавоӣ, атомӣ, кимиёӣ ё хатарҳои дигар ва дар бораи ҷорӣ гардидани қоидаҳои муайяни рафтор огоҳ менамояд. Бонги хатар ба воситаи радио, телевизион, гудоки фабрикаву заводҳо, киштиҳо ва ғайра шунавонида мешавад. Баъди гузаштани хатар аҳолиро бо ишорати тамом шудани хатар огоҳ менамоянд.