Бонкдорӣ дар Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бонкдорӣ дар Тоҷикистон

[[Гурӯҳ:Маҷаллаҳои [[Гурӯҳ:{{{тип издания множественный}}} ба {{{забон}}}]]]]

«Бонкдорӣ дар Тоҷикистон» — маҷаллаи иттилоотӣ-бонкии Бонки миллии Тоҷикистон.

Аз августи 1996 то соли 2008 бо номи «Ахбори Бонки миллии Тоҷикистон» ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешуд. Аз августи 2009 ба забони тоҷикӣ бо ин ном ба табъ мерасад. Дар саҳифаҳои «Бонкдорӣ дар Тоҷикистон» бештар матолиби марбут ба низоми бонкӣ ва фаъолияти бонкҳо, навидҳои низому мушкилот ва рушду тараққиёти ин соҳа чоп мешаванд. Фаъолияти «Бонкдорӣ дар Тоҷикистон» ба татбиқи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон, таҳкиму побарҷо будани қурби пули миллӣ ва таблиғи навгониҳои иқтисоди бозоргонӣ равона шудааст. Маҷалла дар баробари навгониҳои бонкии кишвар аз фаъолияти бонкҳои давлатҳои ИДМ ва Амрикову Иттиҳоди Аврупо, таърихи бонкҳову дигар масоили марбут ба низоми бонкдорӣ низ матолиб ба табъ мерасонад. Адади нашраш 500 нусха (2013).

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]