Jump to content

Бонки давлатӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бонки давлатӣ — бонке, ки моликияти давлат буда, онро мақомоти давлатӣ роҳбарӣ мекунад.

Бонки давлатӣ марказӣ ва тиҷоратӣ мешавад. Бонкҳои марказии баъзе мамлакатҳо бонки давлатӣ буда, сармоя ва моликияташон мансуб ба давлат аст. Онҳо сиёсату амалиёти худро на барои ба даст овардани фоида, балки дар асоси талаботи иқтисоди миллӣ ба роҳ мемонанд. Бонкҳои давлатии тиҷоратӣ сиёсати давлатро дар бобати ба хоҷагиҳо додани кредит ҷонибдорӣ карда, амалиёти сармоягузорӣ, миёнаравӣ ва ҳисобу китоб мегузаронанд.