Jump to content

Бонки замонатӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бонки замонатӣ — бонки махсусе, ки фаъолияти он аз додани кредитҳои замонатӣ, яъне, кредит дар асоси ба гарав мондани амволи ғайриманқул ё харидани он иборат аст.

Қарзҳои бонки замонатӣ дарозмуҳлат мебошанд. Сарчашмаи маблағи бонки замонатӣ аз ҳисоби пардохтҳои аввалин ва маблағи мизоҷон, хусусан онҳое, ки хоҳиши гирифтани кредити замонатӣ доранд, инчунин сармояи худи бонк аст. Бонки замонатӣ вобаста ба тарзу додани қарзҳо заминӣ (дар асоси ба гарав мондани замин), мелиоративӣ (барои иҷрои қарзҳои обёрӣ) ва коммуналӣ (дар асоси пешниҳод намудани амволи ғайриманқули шаҳрӣ) мешавад. Бонки замонатӣ барои рушди иқтисодиёти мамлакат муҳим аст.