Бонки миллӣ
Зоҳир
Бонки миллӣ, Бонки марказӣ — бонки давлатии асосии мамлакат, ҷузъи муҳимми системаи пулӣ-кредитии давлат.
Бонки миллӣ вазифаҳои махсус дорад, ки яке аз онҳо барориши пул ва танзими фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ аст. Бонки миллӣ бонки бонкҳо буда, дастгири давлату ҳукумат дар робита ба гардиши пул ва идораи буҷа мебошад. Бонки миллӣ доир ба маҳфуз доштани захираи тило — асъори давлат, қарздиҳӣ, ҳисобу китоби бонкҳои тиҷоратӣ, танзими гардиши пул ва назорат аз болои ташкилотҳои кредитӣ низ тадбирҳои судманд меандешад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бонки миллӣ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.