Jump to content

Бонки хориҷӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бонки хориҷӣ — бонке, ки пурра ё қисман ба сармояи хориҷӣ (хусусӣ, коллективӣ ё давлатӣ) тааллуқ дошта, асосан ба манфиати он хидмат мекунад.

Бонкҳои хориҷӣ амалиёти тиҷоратии бурунмарзӣ анҷом дода, камбуд (дефитсит)-и тавозунҳои пардохт ва буҷаи давлатро маблағгузорӣ мекунанд, доираи фаъолияти корпоратсияҳои саноатии трансмиллиро васеъ намуда, амалиёти гуногуни дигар, масалан, маблағгузории лоиҳаҳо, рушди хадамоти иттилоотию машваратӣ, идораи корпоратсияҳои трансмиллӣ ва ғ. анҷом медиҳанд. Фаъолияти бонки хориҷиро қонунгузории миллии давлате, ки бонк дар он қарор дорад, танзим менамояд.