Jump to content

Бонус

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бонус (лот. bonus — некӯ, хуб) — подоши изофӣ, ҷоиза, изофапулӣ ба маош, мукофотпулӣ дар шаклҳои пулӣ ва молӣ. Одатан ин мафҳумро ҳамчун подоши иловагӣ ё ҷоиза тафсир медиҳанд. Бонус воситаи муносиби ҳавасмандсозию таъсирбахшӣ ба кормандон буда, як ё ду маротиба дар шакли пулӣ ва ғайра пардохт мешавад. Дар суғурта, тиҷорат ва ғайра тахфифи иловагиест, ки барои харидор пешниҳод мегардад. Дар дигар ҳолатҳо тахфифи иловагиест, ки аз ҷониби фурӯшанда, мутобиқи шартҳои муомила ё созишномаи алоҳида пешниҳод мешавад. Ҳамчунин, онро ба маънии баҳраи ҳисобии изофӣ истифода мебаранд.