Бону, Ситсилия Бенсиановна
Таърихи таваллуд: | 13 март 1911 ё 1911[1] |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 11 январ 1998 ё 1998[1] |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | нависанда, тарҷумон, literary theorist, муҷрии родию, насрнавис, шоир |
Солҳои эҷод: | аз 1936 |
Забони осор: | русӣ[1] ва форсӣ[1] |
Ҷоизаҳо: |
Бону Ситсилия Бенсиановна (13 март 1911 ё 1911[1], Liubech[d] — 11 январ 1998 ё 1998[1], Маскав) — шоир ва тарҷумони рус. Коркуни хидматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон (1981). Узви ИН ИҶШС (1934). Ҳамсари Абулқосим Лоҳутӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Шуъбаи форсии курсҳои шарқшиносиро соли 1928 дар шаҳри Киев хатм намуда, ба Осиёи Миёна, ба Самарқанд омад. Дар ин ҷо аввал муаллима буд; сипас дар радио чун ровӣ, ходими г. «Овози тоҷик» кор кард. Соли 1930 дар Нашриёти марказии халқҳои ИҶШС ба кор даромад. Дар тӯли ҳаёти эҷодӣ Бону, асосан ба тарҷумаи шеъру достонҳои Абулқосими Лоҳутӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба забони русӣ машғул шудааст. Аз соли 1936 то соли 1943 дувоздаҳ маҷмӯаи ашъори А. Лоҳутӣ дар тарҷумаи Бону ба табъ расиданд. Маҷмӯаҳои нисбатан мукаммали тарҷумакардаи Бону аз ашъори Лоҳутӣ «Лирика» (М., 1970) ва «В сад я вышел на заре» (Д., 1983) мебошанд. Тарҷумаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ки Бону дар ҳамкорӣ бо А. Лоҳутӣ анҷом додааст, яке аз беҳтарин тарҷумаҳои «Шоҳнома» ба забони русӣ ба шумор меравад. Ин тарҷума дар АИ ИҶШС солҳои 1957-89 (нашри дуюмаш 1994) бо муқаддимаи муфассали А. Стариков, шарҳу тавзеҳоти фарогири кулли ҷузъиёт ва ғ. ба табъ расидааст.
Маҷмӯъаҳои ашъораш бо номҳои «Ду нома», «Иттиҳоди ҷудоинопазир», «Ҳикояти пионер» (ҳар се — 1942) чоп шудаанд. Бону ширкаткунандаи ҶБВ (1941-45) буд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо медалҳо сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бону // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.