Бор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
  1. REDIRECT Шаблон:Элементи химиявӣ

Бор (B) — элемент гуруҳи сездаҳуми (аз руи таснифоти куҳан- аз руи таснифоти нав зергуруҳи асосии гуруҳи сеюм) даври дуюми системаи даврии элементҳои кимиёвии Д.И.Менделеев буда, рақами атомиаш (заряди ядроиаш)5 мебошад. Бо аломати B (аз юн. Borum)ифода карда мешавад. Дар ҳолати озод моддаи беранг, хокистарранг ё сурхи кристаллӣ, моддаи сиёҳи амморфӣ мебошад. Беш аз 10 намуди аллотропии бор маълум буда,ҳосилшавӣ ва ё баҳамтабдилёбии онҳо бо ҳарорате муайян карда мешаванд, ки дар онҳо бор ҳосил карда шуда буд.

ТАЪРИХ ВА ПАЙДОИШИ НОМ

Нахустин маротиба дар соли 1808 аз тарафи кимиёгарони франсуз Ж. Гей-Люссак ва Л. Тенар тавассути гармкунии ангидриди B2O3 бо калии металлӣ ҳосил карда шуд. Чанде пас Х. Дэви борро тавассути усули электролизи гудохтаи B2O3 ҳосил намуд. Номи ин элемент аз калимаи арабии бурақ (араб. بورق‎‎) ё форсии бураҳ (форс. بوره‎) пайдо шудааст, ки барои ифодаи бура истифода мешуд.

ҶОЙГИРШАВӢ ДАР ТАБИАТ

Ҷойгиршавии бор дар замин бо ҳисоби миёна 4г/т ташкил медиҳад. Новобаста аз ин 100 маъдани бор мавҷуд аст.



Инҷоро ҳам бингаред[вироиш]

Commons-logo.svg
Викианбор has media related to:



Манбаъ[вироиш]