Боравафот
Боравафот (форсӣ: بارهوفات) — аз маросими маъруф дар миёни мусулмонони суннимазҳаби нимҷазираи Ҳинд ба муносибати рӯзи таваллуд ва вафоти Пайғамбар (с), ки 12-уми рабиъулаввал дониста шуда, ҳам ҷанбаи азодорӣ ва ҳам ҷанбаи ҷашну шодмонӣ дорад.
Рӯзи мазкур ба ҳайси рӯзи таваллуди Пайғамбар (с) дар баъзе маъхазҳои муътабар (аз ҷумла «ас-Сирату-н-набавия»-и Ибни Ҳишом) ва ҳамчун рӯзи вафоти он ҳазрат дар бархе сарчашмаҳои таърихӣ (мас., «ат-Табақоту-л-кубро»-и Ибни Саъд) зикр шудааст. Маросими боравафот танҳо ба мусулмонони нимҷазираи Ҳиндустон тааллуқ дошта, дар миёни мусулмонони дигар кишварҳо ба ин сурат дида намешавад. Ба гуфтаи Абдулҳамиди Лоҳурӣ боравафот-ро бори нахуст соли 1627 Шоҳиҷаҳон дар дарбораш баргузор кардааст. Боравафот рӯзи 11-уми рабиъулаввал бо чароғон кардани маҳалҳои махсус оғоз меёбад. Баъди адои намози пешин гурӯҳе дар либоси азодорӣ аз хиёбонҳои шаҳр гузар мекунад ва мардуми дигар ба он мепайвандад. Расми дигари маъмули боравафот «сандал» ном дорад, ки зимни он дар зарфе шираи хушбӯи гиёҳи сандалро гирифта ба идгоҳ мебаранд ва дар байни мардум тақсим мекунанд, ки ин эълони даъвати умумӣ барои иштирок дар маросими рӯзи 12-уми рабиъулаввал аст. Идгоҳ дар хориҷи шаҳр сохта шуда, маъмулан дорои девори сангии баланд, меҳроб, ду манора ва саҳни бузург аст. Дар баъзе минтақаҳо мардум барои баргузории боравафот дар масҷид ҷамъ мешаванд. Зимни баргузории боравафот дар масҷидҳо ва манзилҳои мардум аз зиндагӣ ва таълимоти Пайғамбар (с), хислату фазилатҳои он ҳазрат ёд карда, дар поёни маҷлис фотиҳа мехонанд ва ба мустаҳиққон хайрот медиҳанд. Баъзе одоби боравафот, аз қабили қироати Қуръон, хондани фотиҳаву марсия, барпо кардани маҷлисҳои ваъз, баёни воқеаҳои таваллуд, вафот ва муъҷизаҳои Пайғамбар (с) ба мавлудхонӣ шабоҳати зиёд дорад.
Боравафот алоқа ва муҳаббати мардуми мусулмоншудаи нимҷазираи Ҳиндустонро ба Пайғамбар (с) нишон медиҳад. Он дар Покистон таътили расмӣ буда, мардум дар ин рӯз барои тақдими назру хайроти худ ва намоз гузордан гирд меоянд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боравафот / С. Маҳмадуллоҳ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.