Бордон
Бордон, борҷома — василаест (монанди халта, хӯрҷин, ҷувол, бӯхча, баста, лаълӣ ва ғ.), ки чизҳои хурду калон ва ашёи рӯзгорро ба дарунаш ҷой мекунанд, то нигоҳдорӣ ва кашондани он мувофиқтар гардад.
Маъмулан фурӯшанда чизҳои фурӯхташударо дар бордон гузошта, ба харидор месупорад. Носири Хусрав дар «Сафарнома»-аш гуфтааст: «Дар бозори он ҷо аз баққол ва аттор ва пилакор ҳар чӣ фурӯшанд, бордони он аз худ бидиҳанд». Вобаста ба ҳаҷму миқдори бор бордон хурд ва калон мешавад. Бордонҳои нисбатан хурд бастае дар лаган, бӯхча, дастархон ва ғайра мебошанд, ки одатан онро ба маъракаҳо мебаранд. Борҳои ҳаҷман калонтарро дар сандуқ, ҷомадон, хум, кӯза, борҷомаву қуттиҳои картонию селофанӣ ҷой медиҳанд, то ки аз макон ба маконе бурдани онҳо осонтар шавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бордон / Р. Раҳмонӣ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.