Jump to content

Борзад

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Борзад
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Potentilla reptans L.

Борзад (лот. Potentilla reptans) — гиёҳест бисёрсола.

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пояаш хазанда (дарозиаш 8-50 см), бандҳояш решадор. Баргҳои бехаш панҷашакл, баргчаҳояш байзашакли дарозруя. Гулаш калони тилоранг.

Давраи гулшукуфташ май – август, тухмаш август мепазад.

Дар бешазори гармсер ва паҳнбарг, дар қади ҷӯйҳо, соҳили дарё, марғзори мавзеъҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз ва Тоҷикистони Ҷанубӣ (дар баландии 600-2100 метр аз сатҳи баҳр) мерӯяд.

Корбурд дар тиб

[вироиш | вироиши манбаъ]

Борзад гиёҳи доруии маъмул аст. Бо мақсади табобат поя, барг ва гули онро истифода мебаранд. Решаи Борзадро баҳорон ва тирамоҳ, баргу пояашро моҳҳои июн — июл меғундоранд. Дар таркиби Борзад ба миқдори зиёд моддаҳои даббоғӣ ва витамини С мавҷуд аст. Сокинони таҳҷоӣ ҷӯшоби реша ва бехи онро чун давои хунбанд, инчунин барои табобати дарди меъда кор мефармоянд. Чойи «алаф»-и Борзадро ҳангоми хуншории вораҳо, касалии гулӯ, илтиҳоби роҳҳои болоии нафас, заъфи меъда ва исҳоли хунин менӯшанд. Сокинони болооби дарёи Зарафшон ҷӯшидаи Борзадро ҳангоми зардпарвин, гулӯзиндонак, дарди шикам, дарунравӣ истеъмол мекунанд. Бо ин мақсад 1 қошуқ реша ва алафи хушки онро 1—2 соат дар 1 истакон оби ҷӯш тар карда мемонанд. Сипас даворо полонда, рӯзе 3-4 маротиба 1-қошуқӣ меошоманд.

Дар амалияи тибби муосир оби ҷӯшидаи решаи Борзад ҳангоми бемориҳои илтиҳобии узвҳои ҳозима, ки боиси дарунравӣ мегарданд (энтерит, энтероколит, диспепсия), илтиҳоби ҷавфи даҳон (стоматит, гингивит) ва амрози пуст тавсия дода мешавад.

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».
  • Ковалёва Н. Г. Лечение растениями. Москва, 1972;
  • Турова А. Д. Лекарственные растения СССР и их причинение. Москва, 1974;
  • Гаммерман А. Ф., Гром И. И. Дикорастущие лекарственные растения СССР. Москва, 1976;
  • Ходжиматов М. Дикорастущие лекарственные рас­тения Таджикистана. Душанбе, 1989.