Борис Владимирсов
Таърихи таваллуд | 8 (20) июл 1884, 20 июл 1894[1][2] ё 20 июл 1884[3] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 17 август 1931[4][1][2][…] |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | шарқшиносӣ |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Шогирдон | Николай Поппе[d] |
Владимирсов Борис Яковлевич (русӣ: Бори́с Я́ковлевич Влади́мирцов (8 (20) июл 1884, Калуга — 17 августи 1931, Сиверский) — шарқшинос, муғулшинос, академики АИ ИҶШС (1929), муҳаққиқи соҳаи адабиёту забоншиносӣ, этнография ва таърихи халқҳои муғул.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи факултаи забонҳои шарқи (бахши забонҳои хитойӣ ва манҷурӣ) Университети Санкт-Петербург (1909). Дар музофоти Муғулистони Ғарбӣ ба гирдоварии мавод оид ба забон, гӯишҳо, достонҳо ва осори хаттии таърихию динии ойратҳо машғул шудааст. Аз соли 1915 дар Университети Санкт-Петербург (аз соли 1924 Ленинград) дарс дода, аз соли 1921 профессор ҳамин донишгоҳ буд ва ҳамзамон х. и. (1915-31) Музейи Осиёи Институти шарқшиносии АИ ИҶШС буд. Борис Владимирсов яке аз асосгузорони омӯзишу пажӯҳиши забонҳо ва тамаддуни муғулҳо буда, дар илм истилоҳи «феодализми кӯчиён»-ро ворид кардааст. Борис Владимирсов дар бораи паҳншавии тамаддуни буддоӣ, шахсияти Чингизхон ва ҳуҷуми муғулҳо ба Осиёи Миёна таҳқиқот анҷом додааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Буддизм в Тибете и Монголии. Петербург, 1919;
- Общественный строй монголов. Монгольский кочевой феодализм. Л., 1934;
- Чингисхан. СПб. 2000; Работы по истории и этнографии монгольских народов. М., 2002.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Литераторы Санкт-Петербурга. ХХ век (рус.) / под ред. О. В. Богданова
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Сотрудники Российской национальной библиотеки (рус.)
- ↑ Историческая энциклопедия Сибири (рус.) / под ред. В. А. Ламин — Новосибирск: 2009. — ISBN 5-8402-0230-4
- ↑ 4.0 4.1 Владимирцов Борис Яковлевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Владимирсов Борис Яковлевич // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 20 июл
- Зодагони соли 1884
- Зодагони соли 1894
- Зодагони Империяи Русия
- Даргузаштагони 17 август
- Даргузаштагони соли 1931
- Даргузаштагони вилояти Ленинград
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Шарқшиносон аз рӯи алифбо
- Шарқшиносони ИҶШС
- Шарқшиносони Русия
- Шарқшиносони Русияи подшоҳӣ
- Шарқшиносони асри XIX
- Шарқшиносони асри XX