Jump to content

Борис Галёркин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Борис Галёркин
Таърихи таваллуд 4 март 1871(1871-03-04)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 12 июл 1945(1945-07-12)[4] (74 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ механика, elasticity theory[d][1] ва structural mechanics[d][1]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои техникӣ[d]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Viktor Kyrpychov[d][6]
Ҷоизаҳо
ордени Ленин Medal "For the Defence of Leningrad"
Мукофоти сталинӣ Honoured Worker of Science and Technology of the RSFSR
 Парвандаҳо дар Викианбор

Галёркин Бори́с Григо́ревич (ҳангоми таваллуд Берка Гиршевич Галёркин[7]; 20 феврал (4 март) 1871, Полотск — 12 июли 1945, Ленинград) — муҳандис ва олими рус дар соҳаи назарияи чандирӣ, академики АИ ИҶШС (1935), узви воқеии Академияи меъмории ИҶШС, муҳандис-генерал-лейтенант.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Институти технологии Петербург (1899). Соли 1906 барои иштирок дар ҳаракати инқилобӣ ба муҳлати 1,5 сол ҳабс гардид. Фаъолияти омӯзгориаш аз соли 1909 оғоз ёфт. Корҳои илмии Борис Галёркин дар соҳаи масъалаҳои механикаи бинокорӣ ва назарияи чандирӣ барои таҳқиқи кори иншоот, таҷҳизот ва мошинаҳо татбиқ намудани усулҳои таҳлили математикӣ кумак расониданд. Борис Галёркин усулҳои пурсамари интегралгирии дақиқ ва тақрибии муодилаҳои назарияи чандириро пешниҳод кардааст. Ӯ яке аз бунёдгузорони назарияи қатшавии сафҳа (пластинка) мебошад (1931-33). Вобастагии байни шаклҳои сафҳа ва тақсимоти қувваҳои ба он таъсиркунандаро таҳқиқ кард. Асарҳояш дар соҳаи механикаи сохтмон ва назарияи чандирият барои татбиқи усулҳои таҳлили математикӣ дар таҳқиқи иншоот, таҷҳизот ва механизмҳо мусоидат намуд. Аз тарафи Борис Галёркин усулҳои таъсирноки дақиқ ва таркибии интегралгирии муодилаҳои назарияи чандирӣ таҳия шудаанд. Назарияи математикии рӯйкашҳои устувонавиро барои ҳисоби қубурҳо таҳти бевоситаи бор инкишоф дод. Якчанд кори муҳандисӣ ва лоиҳакаширо иҷро намуд. Мушовири лоиҳаҳои бузурги НБО (Волхов, Днепро ГЭС ва ғайра) буд.

Дорандаи мукофоти сталинӣ (1942). Бо ду ордени Ленин ва медалҳо сарфароз гардидааст. Ба шарафи ӯ ҷоизаи ба номи Б. Борис Галёркин Галёркин таъсис дода шудааст.

  • Филин А. П. Очерк об ученых-механиках. М., 2007.