Борис Годунов
| |
17 феврал 1598 — 13 апрел 1605 | |
Пешгузашта | Feodor I of Russia[d] |
Ҷонишин | Feodor II of Russia[d] |
|
|
Таваллуд |
12 август 1552[1][2] |
Даргузашт |
23 апрел 1605[3] (52 сол) |
Мадфан | |
Дудмон | Godunov[d] |
Падар | Fyodor Godunov[d][4] |
Ҳамсар | Maria Skuratova-Belskaya[d] |
Фарзандон | Feodor II of Russia[d] ва Tsarevna Xenia Borisovna of Russia[d] |
Эътиқод | Калисои православии Русия[d] |
Соядаст | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Бори́с Фёдорович Годуно́в (12 август 1552[1][2], Вязма[d], Русияи Тсарӣ[d] — 23 апрел 1605[3], Маскав, Русияи Тсарӣ[d]) — шоҳи рус аз соли 1598. Писари боярин Фёдори I Иванович.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ӯро ҷамъомади умумидавлатӣ шоҳ интихоб карда буд. Яке аз заминдорони калон. Бо ташаббуси ӯ барӯйхатгирии замин (1580-90) анҷом дода шуд. Баъди муборизаҳои шадиди дарборӣ ҳукмрони мутлақи давлатӣ гардид. Соли 1597 ҳуқуқи харида озод кардани деҳқонони ғуломшударо бекор намуд. Соли 1589 калисои православии рус усули идораи калисо бо сардории патриархро таъсис дод. Дар натиҷаи ҷанги русҳову шведҳо, ки бо сулҳ (1595) анҷомид, Русия як миқдор заминҳои дар ҷанги Ливон аздастдодаи худро бозпас гирифт. Дар ибтидои асри 17 ҳукумати Борис Годунов бо Англия, Ҳолландия, Эрон муносибатҳои бозаргониро барқарор намуд. Ба кишваркушоӣ ва рушди Сибир аҳаммият медод, дар бахши ҷанубу ғарби Русия шаҳрҳои нави Воронеж ва Белгород сохта шуданд. Дар ҳамин давра сохтани қалъаҳои сангӣ дар шаҳрҳои гуногуни Русия шурӯъ гардид. Зимни сиёсати пешгирифтаи Борис Годунов ҳукумати ӯ устувор гардида, дар айни замон нақшу таъсири бюрократия меафзуд, мақоми ашрофу дворянҳо мустаҳкам мешуд. Бисёр ташаббусҳои Борис Годуновро гуруснагии соли 1601-03 барбод дод. Гуруснагии оммавӣ зиддиятҳои синфиро тезутунд намуда, боиси ҷанги деҳқонон гардид. Ҳукумати Борис Годунов бо вуҷуди тағйири сиёсати дохилии худ нобасомониҳои бавуҷудомадаро бартараф карда натавонист. Дар айни мубориза бо Дмитрийи I-и дурӯғин ва даст доштан дар қатли писари Иван IV Грозний Борис Годунов бемаҳал фавтид.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Борис Годунов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Pages using the JsonConfig extension
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Зодагони 12 август
- Зодагони соли 1552
- Даргузаштагони 23 апрел
- Даргузаштагони соли 1605
- Даргузаштагони Маскав
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)