Борис Голитсин
русӣ: Борис Борисович Голицын | |
Таърихи таваллуд | 18 феврал (2 март) 1862 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 4 (17) май 1916 (54 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | заминфизик |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Шогирдон | Pavel Nikiforov[d] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Голитсин Борис Борисович (18 феврал [2 март] 1862, Санкт-Петербург[1] — 4 [17] май 1916, Petergof[d], губернияи Санкт-Петербург[d][1]) - физикдон ва заминфизикдони рус, обуҳавошинос, асосгузори илми зилзилашиносӣ дар Русия, академики АИ Петербург (1908).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Омӯзишгоҳи баҳрӣ (1880) ва Академияи баҳрии Петербург (1886), Донишгоҳи Страсбург (1890). Омӯзгори Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов (1891–93), Академияи баҳрӣ (1894–1914), Институти тиббии занонаи Петербург (1897–1908) ва Курсҳои олии занонаи бестужевӣ (1909–16). Корҳои илмии Борис Голитсин, асосан, ба соҳаҳои обуҳавошиносӣ (метеорология) ва зилзилашиносӣ бахшида шудаанд. Ба туфайли заҳматҳои Борис Голитсин илми зилзилашиносӣ ба қатори фанҳои дақиқ дохил гаштааст. Борис Голитсин назария ва сохти зилзиланигорҳо (сейсмографҳо)-и электродинамикиро таҳия намудааст, ки дар марказҳои зилзиласанҷии Русия ва берун аз он васеъ истифода мешуданд. Борис Голитсин дар соҳаҳои оптика, физикаи молекулавӣ ва тайфшиносӣ (спектроскопия) таҳқиқот бурда, ба таҳқиқи мунтазами зилзила ва қаъри Замин асос гузошт. Дар АИ Петербург дафтари физикиро таъсис дода, дар тӯли 20 сол мудири он буд. Борис Голитсин президенти Ассотсиатсияи байналмилалии зилзилашиносон (аз соли 1911), узви Ҷамъияти шоҳии Лондон (1916) буд. Ба кӯҳҳои зеряхии Антарктида ва конҳои баҳрии гази табиии Қрим номи Борис Голитсин дода шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Голицын Борис Борисович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Голитсин Борис Борисович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.