Боркашонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Боркашонӣ, ҳамлу нақл — дар ҳуқуқи шаҳрвандӣ, навъи уҳдадории марбут ба ҳамлу нақли бор, бағоҷ ва мусофиркашонӣ, ки дар асоси шартномаи дахлдор анҷом дода мешавад.

Хусусияти шартҳои ҳамлу нақли бор, бағоҷ ва мусофиркашонӣ тавассути нақлиёти алоҳида, инчунин масъулияти тарафҳо оид ба чунин ҳамлу нақл, агар дар КГ Тоҷикистон, оинномаҳо ва кодексҳои нақлиёт, дигар қонунҳо ё қоидаҳои дар асоси онҳо ирсолшуда тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, мувофиқи созишномаи тарафҳо муайян карда мешавад. Хусусияти уҳдадориҳои боркашонӣ дар он зоҳир мешавад, ки низоми нақлиётии Тоҷикистон аз нигоҳи муомилоти гражданӣ ба тартиб дароварда шуда, онро ба талаботи хидматрасонии нақлиётӣ мувофиқ месозад. Ба низоми миллии нақлиёти боркашонии Тоҷикистон инҳо дохил мешаванд: нақлиёти р. о., дарёӣ, автомобилгард ва ҳавоӣ. Уҳдадориҳои боркашонӣ аз манбаъҳои муайяни ҳуқуқӣ баҳра мегиранд. Муқаррароти умумии ҳамлу нақли бор, бағоҷ ва мусофиркашониро меъёрҳои КГ муайян месозанд (банди 2 моддаи 804 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон). Дар ба-робари ин, муносибатҳои боркашониро Оинномаи нақлиёти дохилии обии ИҶШС (15.10. 1955 тасдиқ шудааст); Оинно-маи нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон (8.10.1998 тасдиқ шудааст); Кодекси баҳрнавардии тиҷоратии ИҶШС (17.09.1968 тасдиқ шудааст); Оинномаи нақлиёти автомобилии Тоҷикистон (29.12.1985 тасдиқ шудааст); Ко-декси ҳавоии Тоҷикистон (аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.1998 қабул шудааст) ба тан-зим медароранд. Тибқи шартномаи боркашонӣ боркашон вазифадор аст бори аз ҷониби борфиристанда ба ӯ боваркардашударо ба маҳалли таъйинот расонад ва онро ба шахси барои гирифтани бор ваколатдор (боргиранда) су-порад ва борфиристанда уҳдадор мешавад, ки барои ҳамлу нақли бор музди муайяншударо ба боркашон пар-дохт намояд. Бастани шартномаи боркашонӣ бо таҳияи борномаи нақлиёт, коносамент ё дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар оин-номаҳои нақлиёт ё кодексҳо муқаррар шудаанд, тасдиқ карда мешавад (моддаи 805 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон). Шартномаи боркашонӣ дутарафа ва музднок буда, аз лаҳзаи аз ҷониби борфиристанда супоридани бор ба боркашон басташуда эътироф мегардад. Аз ин бармеояд, ки ин шартнома ба гурӯҳи шартномаҳои воқеӣ дохил мешавад. Фақат дар нақлиёти баҳрӣ шартномаи боркашонӣ, ки ҳамчун шартномаи фрахт ё чартер маълум аст, аломати консен-суалӣ дорад. Шартномаи боркашонӣ шартномаи расмӣ буда, ҳама вақт дар шакли хаттӣ бо риояи қатъии талаботи қонунгузорӣ ба имзо расонида мешавад. Илова бар ин, шартномаи боркашонӣ хислати умумӣ низ дорад (моддаҳои 548 ва 809 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт») ва риояи шартҳои зеринро тақозо менамояд: 1) ба сифати боркаш бояд ташкилоти махсуси тиҷоратие вобаста шавад, ки хидматрасонияшро бо нақлиёти истифодаи умум анҷом медиҳад; 2) мувофиқи қонунгузории нақлиётӣ ё иҷозатнома ин ташкилот функсияи боркашонии ҷамъиятӣ дошта, уҳдадор аст, ки зарурати боркашонии ҳама гуна ми-зоҷро қабул кунад ва иҷро намояд; 3) ин ташкилоти боркашон бояд ба номгӯи ашхосе, ки дар он боркашонӣ тавассути нақлиёти истифодаи умум анҷом дода мешавад, дохил гардида, номгӯи чунин боркашон ҳатман бояд дар ра-сонаҳои умум чоп карда шавад. Барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳо вобаста ба боркашонӣ дар КГ, оинномаҳо, кодексҳои нақлиётӣ ва инчунин дар созишномаҳои тарафҳо ҷавобгариҳо пешбинӣ шудааст (банди 1 моддаи 813 КГ ҶТ).

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]