Jump to content

Боробудур

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ёдмон
Боробудур
Кишвар
Макон Magelang[d] ва Yogyakarta[d]
Конфессия буддогароӣ
Меъмор Gunadharma[d]
Дата основания асри VIII
Вебгоҳ borobudurpark.com
 Парвандаҳо дар Викианбор

Боробуду́р (индон. Candi Borobudur, ҷов. ꦕꦤ꧀ꦝꦶꦧꦫꦧꦸꦝꦸꦂ Candhi Barabudhur) — ёдгори қадимии меъморӣ дар ҷазираи Яваи Марказии Индонезия.

Дар даврони ҳукмронии Шайландер солҳои 778—850 бо истифода аз панҷоҳу ҳафт ҳазор метри мураббаъ сангҳои хокистарранги вулканӣ бунёд гардидааст. Тарҳи умумиаш ҳирамшакл буда, аз пойдевор ва ду қабат айвон иборат аст. Панҷ қабати поинии маъбад мураббаъшакли зинаосо буда, се қабати болоияшро айвонҳои ниммудаввари доирашакл фаро гирифтааст. Айвонҳои гирдаи васеи болоиро ҳафтод нижвони зангӯлашакл, ки бар он муҷассамаи Буддо ҷой гирифтааст, печонидаанд. Боробудур яке аз бузургтарин ёдгорҳои меъмории замони маҳсуб мебошад ва ҳамчун маъбади муҳташам тимсоли буддоро бо шукӯҳу шаҳомоташ муҷассам сохтааст. Маъбади Боробудур бо тарҳи мутамарказ ва банду басти ягонааш чун дастоварди беназири санъати меъмории аҳди кӯҳани буддоиён эътироф шудааст.