Боровинкаи тошкандӣ
Боровинкаи тошкандӣ — навъе аз себҳои пешпазак.
Ходимони Институти таҳқиқоти илмии боғу токдорӣ ва шаробкашии ба номи Р. Р. Шредер (ш. Самарқанд) рӯёндаанд. Дарахташ сершоху барг; то 7 м қад мекашад. Вобаста ба шароити иқлим аввали апрел гул карда, охири июл мевааш мепазад. Мевааш калон (вазнаш 140—200 г), гирда ё байзашакл; рангаш зард, гулобии баланд, рахҳояш сурх. Пӯсти мевааш нарм, гӯшташ сафеди сабзтоб, сероб, нордон (10-11 % қанд дорад), хушбӯй ва хуштаъм; 9-10 дона тухм дорад. Ниҳолаш дар ҳар гуна хок (мас., дар заминҳои начандон шӯру обҳои зеризаминиашон наздик) сабзида, баъди 4-5 соли шинондан самар меоварад (сол дар миён ҳосил медиҳад). Давраи нашваш 220—230 рӯз. Аз як бех дарахти 6-7-солааш то 400—500 кг ҳосил гирифтан мумкин. Ҳангоми норасоии нам мевааш майда ва пастсифат мешавад. Барои ба ҷойҳои дур кашондан ва нигоҳ доштан (то моҳи август) мувофиқ аст. Дар Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ парвариш мекунанд. Дарахташ ба сармо, ҳашароти зараррасон ва касалиҳо тобовар аст. Барои пайванди боровинкаи тошкандӣ аз пайвандтакҳои себи ҷангалӣ (М — 9 ва ММ — 106) истифода мекунанд. Гулаш аз гарди гули себи Ренет Симиренко беҳтар гардолуд мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боровинкаи тошкандӣ / С. Маҳмадаминов, Ф. Урунов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.