Боронсанҷ
Зоҳир
Боронсанҷ, боронсанҷи Третяков — дастгоҳ барои чен кардани бориши моеъ ва дигар қатраҳои намноки аз фазо фурӯрехта.
Боронсанҷ аз зарфи филиззии устувонашакли баландиаш 40 см, гунҷоишаш 500 см² буда, дар фосилаи 17 см аз таги он ҳоҷиз (диафаграмма)-и қифшакли сӯрохдор барои пешгирии бухоршавии боришот пайваст шудааст. Дар зери ҳоҷиз сӯрохи нӯлборик барои рехтани об ба зарфи махсуси боронсанҷӣ мавҷуд аст. Боронсанҷ дар пойгоҳҳои обуҳавосанҷӣ дар баландии 2 м аз сатҳи замин гузошта мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боронсанҷ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.